Саид Атоев, директори ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе», ки корхонаи зертобеъи ширкати «Барқи Тоҷик» мебошад, аз мансаб сабукдӯш гардид.
Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки собиқ роҳбари муассисаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Мирзо Исмоилов директори нави ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе» таъин карда шудааст.
«Мирзо Исмоилов энергетики соҳибтаҷриба аст, ки ин касб аз гузаштагонаш мерос мондааст. Дар тамоми корхонаҳое, ки ӯ то ин муддат ба ҳайси роҳбар фаъолият дошт, корхонаҳои пешсаф шуморида шуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли сухангӯи ширкат, Иброҳим Исмоилов, падари Мирзо Исмоилов замони шӯравӣ ягона тоҷике буд, ки шабакаҳои барқи минтақаи ҷануби кишварро роҳбарӣ мекард ва ба яке аз зеристгоҳҳо дар вилояти Хатлон номи ӯ гузошта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста