Дар назди ҶДММ «Фаровон-1»-и шаҳри Қайроқкум, ки ба истеҳсоли орд машғул аст, коргоҳҳои нав ба кор даромаданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз шуъбаи саноати ҳукумати шаҳри Қайроқкум хабар доданд, муассиси ин ширкат соҳибкори маҳаллӣ Исроил Самандаров буда, чанд рӯз қабл дар ин ҷо коргоҳи нави истеҳсоли комбикорм барои чорвои кардони шохдор ва паррандаҳо ба истифода дода шудааст. «Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин коргоҳ 9 нафар бо музди меҳнати 1000 сомонӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд», - гуфт манбаъ.
Бино ба гуфти манбаъ, ҳамчунин дар ин ҷо коргоҳи истеҳсоли сохторҳои металлӣ барои бинокорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ин коргоҳ бо музди меҳнати 1200 сомонӣ 14 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шудаанд.
Тибқи маълумоти шуъбаи саноати мақомоти шаҳрдории Қайроқкум, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳр 28 корхонаҳои саноатӣ фаъолият намуда, дар ин давра ба маблағи умумии 889 млн. 909 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 228 млн. 934 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста