Ояндаи наздик Покистон содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Тоҷикистонро ба таври назаррас афзуданист.
Хабаргузории покистонии The International News дар ин робита менависад, рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вазири федералии савдои Покистон Хуррам Дастгир Хон зимни мулоқот бо директори Агентии захираҳои моддии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Аҳмедов изҳор доштааст, ки ин тасмим бо мақсади афзоиши талаботи Тоҷикистон ба маҳсулоти ғийзойӣ сурат мегирад.
Вазири покистонӣ зикр кардааст, ки созишномаи тиҷоратии сеҷониба миёни Покистону Афғонистон ва Тоҷикистон монеъаҳо дар тиҷорати минтақавиро коҳиш дода, ба рушди савдо такони ҷиддӣ мебахшад. Ӯ ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки шартномаи дуҷонибаи имтиёзноки тиҷоратӣ ба имзо расонида шавад.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо масъалаи афзоиши ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба то 500 млн. доллари ИМА дар се соли наздикро баррасӣ намудаанд, ки дар ин бора зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф изҳори назар шуда буд.
Н.Аҳмедов қайд кардааст, ки Тоҷикистон аз вазъ бо таъмини амнияти ғизойӣ нигарон буда, аз ин рӯ, ба зиёд кардани захираҳои озуқавории худ манфиатдор аст.
Номбурда таъкид доштааст, ки танҳо 7% аз қаламрави Тоҷикистон барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ коршоям буда, бинобар ин, кишвар ба маҳулоти воридотӣ вобастагии зиёд дорад. «Дар навбати аввал Тоҷикистон ба воридоти гандум, шакар, равғани растанӣ ва сабзавот ниёз дорад», - иброз доштааст ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста