Вакилони палатаи поёнии парлумон тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба Кодекси андозро, ки дар онҳо афзоиш ва коҳиши ҳаҷми андозҳо барои фаъолияти ҷудогона пешбинӣ шудааст, дастгирӣ намуданд.
Зимни шарҳи масъалаи мазкур назди вакилон муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев қайд кард, ки даромадҳои Бонки миллии Тоҷикистон, фурӯши саҳмияҳо ва амвол андозбандӣ шуда, дар тағйироти пешниҳодшуда афзоиши андози аксизӣ барои операторони мобилӣ ва ҳамчунин содда кардани низоми баргардонидани қарзҳо аз минтақаҳои оффшорӣ дар назар аст.
Ба гуфтаи вакил Сафаралӣ Гулов, мутобиқи тағйирот, андози аксизӣ барои операторони мобилӣ аз 3% то ба 5% меафзояд. «Ғайр аз ин, андоз аз иҷораи амвол дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб низ зиёд мешавад», - гуфт ӯ.
С.Гулов ҳамчунин зикр кард, ки то соли 2018 аз маблағҳои давлатии ба корхонаву муассисаҳои бахши фарҳангу ВАО равонашуда андоз ситонида намешавад. «Ҳамчунин мавод (масолеҳи сохтмон) барои иншооти дорои аҳамияти стратегӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад», - афзуд вакил.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста