Корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбианд.
Тавре аз намояндагии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Душанбе хабар доданд, тамоми корҳо тибқи нақшаи пешбинишуда ба итмом расонида шуда, танҳо ҳалли чанде аз масоили молиявӣ боқӣ мондааст.
Дар намояндагии БОР зикр карданд, ки барои таъмиру азнавсозии ин роҳи мошингард бонк 120 млн. доллари ИМА воситахои бурсӣ ҷудо кард. «Дар натиҷаи сарфакорӣ аз ҳисоби ин лоиҳа ҳамчунин роҳҳои ҳамшафат низ таъмир шуданд», - гуфтанд дар намояндагии бонк.
Ахири моҳи май иттилоъ дода будем, ки дар сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон ҳудуди 85%-и корҳои таъмиру таҷдид ба итмом расиданд.
Ёдрас мекунем, ки 7-уми ноябри соли 2011 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки осиёгии рушд Сиаою Жао маросими расмии оғози таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон баргузор шуда буд. Масофаи умумии роҳ 61,5 километр аст.
Паймонкори кулли лоиҳа ширкати «Чайна роуд»-и Чин аст. Барои таъмиру азнавсозии роҳи мазкур дар маҷмӯъ 131,3 млн. доллари ИМа ҷудо гардид, ки 120 млн. доллари ИМА – бурси БОР ва 11,3 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад.
Пас аз таҷдид қисмати роҳ аз Душанбе то Турсунзода чорхатта ва бари роҳ 25 метр мешавад. Қисмати роҳи аз Турсунзода то марзи Ӯзбекистон духатта ва бараш 15 метр хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста