Бақияи пасандозҳо дар интиҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 19,5 фоиз афзуда, ба 6 млрд. 555 млн. сомонӣ баробар шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки милии ҷумҳурӣ, дар таркиби бақияи пасандозҳо дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст, аз ҷумла, 36,0 фоиз ё 2 млрд.360,3 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,0 фоиз ё 4млрд.194,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил додаанд.
Ба иттилои манбаъ, фоизҳои миёнавазни пасандозҳо дар ин давра бо пули миллӣ 15,15 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,98 фоизи солонаро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,68 фоиз паст ва 0,36 фоиз баланд мебошанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 141 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 41 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста