Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба аввали моҳи равон ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон беш аз 25% афзуд.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ин нишондиҳанда ахири моҳи октябри соли равон зиёда аз 9 млрд. 37 млн. сомонӣ (беш аз 1,7 млрд. $)-ро ташкил додааст, аз ҷумла қарзҳои кӯтоҳмуддат – 5,1 млрд. сомонӣ (54,9%) ва қарзҳои дарозмуддат – 4,2 млрд. сомонӣ (45,1%).
Гуфта мешавад, дар зарфи 11 моҳи соли равон фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 24,70 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 23,32 фоизи солона баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 мутаносибан ба андозаи 0,71% ва 0,39% коҳиш ёфтааст.
«Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар давраи ҳисоботӣ афзун гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,4 фоиз зиёд гардид. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 1,03 млрд. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4 фоиз зиёд мебошад», - зикр мегардад дар маълумоти БМТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста