Дар остонаи фарорасии Соли нави мелодӣ нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахти Тоҷикистон аз фурӯши доллари амрикоӣ қариб пурра даст кашиданд. Ин вазъро дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба қатъи воридшавии асъори амрикоӣ нисбат медиҳанд.
Ба ҳар ҳол доллари амрикоиро дар шаҳр метавон дарёфт намуд, амммо бо қурби баланд, зеро барои 1 доллари ИМА - 5,55 сомонӣ талаб карда мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки қурби фурӯши аз Ҷониби Бонки миллии ҷумҳурӣ муқарраршуда 5,45 сомониро ташкил медиҳад. Нуқтаҳои мубодилаи асъор доллари амрикоиро ба ҳисоби миёна бо арзиши 5,42 сомонӣ барои 1 доллари ИМА мехаранд.
Тез-тез тағйирёбии қурби доллар дар ҷумҳурӣ тайи моҳҳои ахирро дар Бонки миллӣ ба тамоили мавҷуда дар иқтисоди Русия ва ҳамчунин тағйирёбии қурби рубли русӣ вобаста медонанд.
Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, рӯзи 29-уми декабр қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА то 58 рубл (1$) боло рафта, нархи нафти навъи Brent то 58 доллари ИМА барои баррел поин рафт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста