Санаи 10-уми январ дар Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маросими музоядаи аломатҳои қайди давлатии силсилаи DD минтақаи 01 доир мегардад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, нархи нахустин ё ҳадди ақали як рақам барои автомобилҳо аз ин силсила 414 сомониро ташкил медиҳад. Ҳанӯз моҳи октябр арзиши он ба 381 сомонӣ баробар буд.
Аз Раёсати БДА-и ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба болоравии нархи ҳадди ақали рақамҳо тағйирёбии қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА таъсир расонид, ҳамчунин акнун рақамҳо бо чипҳо дода мешаванд. Арзиши рақами оддӣ каме бештар аз 280 сомониро ташкил медиҳад. Дархостҳо барои иштирок дар музояда то охири рӯзи 7-уми январ қабул карда мешаванд. Маблағҳои аз музояда бадастомада ба буҷети ҷумҳурӣ ворид мегарданд.
Дар музояда рақамҳои зерин ба фурӯш гузошта мешаванд: 0011, 0015, 0020, 0022, 0030, 0033, 0040, 0044, 0050, 0055, 0060, 0070, 0077, 0080, 0088, 0090, 0099, 0100, 0101, 0110, 0200, 0202, 0220, 0300, 0330, 0303, 0400, 0404, 0440, 0500, 0505, 0550, 0600, 0606, 0700, 0707, 0770, 0800, 0808, 0880, 0900, 0909, 0990, 1001, 1010, 1100, 1111, 2000, 2002, 2020, 2200, 2222, 3000, 3003, 3030, 3333, 4400, 4004, 4040, 4444, 5000, 5005, 5050, 5500, 5555, 6000, 6060, 6161, 6666, 7070, 7007, 7171, 7700, 8000, 8008, 8080, 8800, 9000, 9009, 9090, 9999, 9900.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2010 ҳукуматдорони Тоҷикистон рақамҳои автомобилии ҷолибро расман дар музояда ба фурӯш мегузоранд. Дар музоядаи аввал рақами «0100» бо нархи гаронтарин – 9 100 доллари ИМА ба фурӯш рафт. Рақами «0707» бо арзиши 1 500 доллари ИМА харидорӣ шуд. Он замон нархи ҳадди ақал ҳамагӣ 17 доллари ИМА-ро ташкил медод.
Қобили зикр аст, ки бо дастури президент рақамҳои «7777» ва «8888» аз истифода гирифта шуданд. Сарфи назар аз ба буҷет ворид шудани маблағҳои бадастомада аз ин музоядаҳо, то ҳанӯз боре ҳам дар бораи ҳаҷми умумии ин маблағҳои ба буҷет воридшуда расман маълумот дода нашудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста