Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар мусоҳиба ба портали интернетии «Россия для всех» (Русия барои ҳама) изҳор доштааст, ки мушкилоти муайяне дар иқтисоди Русия муҳоҷирони кориро ба тарки ин кишвар водор месозад.
«Бо назардошти ин мушкилот, аз ҷумла афтиши бесобиқаи қурби рубл, ахиран мо мушоҳида дорем, ки қисмате аз муҳоҷирон Русияро тарк мекунанд, вале ин ба мавсим ҳам марбут аст, зеро соли тақвимӣ ба охир расида, Соли нав фаро мерасад», - гуфтааст сафир.
Ӯ қайд кардааст, ки сарфи назар аз вазъи иқтисод, таваҷҷуҳи Тоҷикистон ва муҳоҷирон ба Русия боқӣ мемонад. «Алҳол шаҳрвандони мо аз Русия мераванд, вале вақт нишон хоҳад дод, ки минбаъд вазъ чӣ гуна мешавад ва умедворем, ки барои таъмини рушди иқтисоди Русия тадбирҳо андешида мешаванд», - иброз доштааст ӯ.
Сатторов таъкид доштааст, ки нисбат ба мавсим, ки маъмулан муҳоҷирон ба ватан бармегарданд, айни замон ин шумор тақрибан 35-40% бештар аст, зеро аксари ширкатҳои сохтмониву корхонаҳо мисли пешин фаъолият надоранд. «Сохтмон мутаваққиф шуда, аз ин рӯ, Русияро тарк кардани муҳоҷирони мо эҳсос мешавад. Ахиран шаҳрвандони зиёди мо ба сафорат ҷиҳати расмиёти санадҳои бозгашт ба ватан муроҷиат мекунанд», - афзудааст сафир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста