Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон дар бораи дар муддати се моҳ таҳия намудани лоиҳаи созишномаи сеҷонибаи савдову транзитӣ ба мувофиқа расиданд.
Нашрияи покистонии The Express Tribune дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 3-юми январ зимни мулоқоти ҳайати кишварҳо дар Исломобод оид ба муҳлати ниҳоии омода намудани лоиҳа гуфтушунид сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Саидраҳмон Назриев намояндагӣ кардааст.
Зимнан зикр мегардад, ки санади мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон равона шудааст.
С.Назриев бар ин назар аст, ки роҳ (коридор)-и ҳамлу нақли нақлиётии дар лоиҳа пешбинишуда ба афзоиши сатҳи савдои минтақавӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста