Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол изҳор намуд, ки ҳаҷми умумии захираҳои тасдиқшудаи тилло дар конҳои Тоҷикистон тақрибан 500 тоннаро ташкил медиҳад.
Бино ба гуфти ӯ, айни замон дар даҳ кони тиллои ҷумҳурӣ корҳои коркард роҳандозӣ шудаанд. «Кони бузургтарини тиллои кишвар дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд воқеъ буда, ба коркарди он корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин машғул аст», - иброз дошт ӯ.
Ҷумъазода таъкид дошт, ки яке аз шартҳои ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузорон дар конҳо коркарди пурраи маъдан дар дохили кишвар аст.
Ӯ қайд кард, ки сармоягузори чинии КМ «Зарафшон» - ширкати Зи Ҷин коргоҳи поккории маъданро сохта ба истифода дод, ки тиллои аз кони «Таррор» истихроҷшударо аз омехтаҳо тоза мекунад.
Ёдрас мекунем, ки иқтидори солонаи лоиҳавии коргоҳи поккории мазкур то 5 ҳазор кило тиллои тозаро бо истеҳсоли сабикаҳои тиллоии меъёри байнулмилалӣ бо дараҷаи 999,9-и вазнаш 12,5 кило ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста