- Иттиҳодияи истеҳсолии «Укрнефтьмаш»-и Украина ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар шаҳри Турсунзода 14 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад, - хабар дод дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон муовини раиси Кумитаи амволи давлатӣ Лочин Файзуллозода.
Зимни шарҳи масъалаи марбут ба тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «ККН-Регар» оид ба сохтмони корхонаи зикршуда ӯ қайд кард, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ин лоиҳа 7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
«Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввал корхона дар як сол 150 ҳазор тонна ва ба истифода додани навбати дуюм дар як сол 300 ҳазор тонна нафти хомро коркард намуда, дар он беш аз 220 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи директори ҶДММ «ККН-Регар» Юсуф Зувайдов, корхона муддати ду соли наздик бунёд гардида, бо технологияҳои муосири ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд. «Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона мо ҳамасола ба буҷети кишвар 73 млн. сомонӣ маблағ ворид мекунем», - гуфт ӯ.
Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ созишномаи мазкурро бидуни баррасӣ ва якдилона тасдиқ карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста