Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон андозсупоранлагони беҳтарин дар соли 2014-ро муайян кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, комиссияи махсуси Кумита андозсупорандагони зеринро беҳтаринҳо дар соли 2014 эътироф намудааст:
- ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» (ноҳияи Ёвон);
- ҶДММ «Таком» (Душанбе);
- ҶДММ «Корхонаи маҳсулоти ширии Саодат» (Душанбе);
- ҶСП «Туризм Промоушн Сервисез Тоҷикистон» (Душанбе);
- ҶДММ «Баҳористон» (шаҳри Қайроққум).
Дар Кумитаи андоз бар ин назаранд, ки озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандсозии фаъолияти андозсупорандагон роҳандозӣ гардида, ба беҳбуди сатҳи фарҳанги пардохти андозҳо мусоидат мекунад. «Чунин иқдом ҳамчунин дар фароҳам сохтани шароити рақобати солим миёни андозсупорандагон низ нақши муҳим дорад», - таъкид доштанд дар Кумита.
Қобили зикр аст, ки аз рӯйхати «панҷгона»-и беҳтарин андозсупорандагони Тоҷикистон дар соли 2013, дар рӯйхати соли 2014 танҳо ҶДММ «Баҳористон» ҳузур дорад.




Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста