Суръати рушди воқеъии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2014 дар муқоиса бо соли 2013 ба андозаи 0,7% коҳиш ёфт.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки милии Тоҷикистон (БМТ), ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли гузашта ба 45,6 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 6,7 фоизро ташкил намудааст.
«Коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ нисбат ба соли 2013 ба андозаи 0,7 банди фоизӣ, пеш аз ҳама ба паст гардидани унсури талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва пастравии рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, вобастагӣ дошт», - омадааст дар маълумоти БМТ.
Қобили зикр аст, ки соли 2013 ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ беш аз 40 млрд. 524,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба таносуби нархҳо аз нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 7,4% зиёдтар аст. Соли 2012 афзоиши ММД Тоҷикистон 7,5%-ро ташкил дода буд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 ҳукумат ҳаҷми ММД-ро ҳудуди 48 млрд. сомонӣ бо афзоиши 7,6% ба нақша гирифта буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста