Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» («Uzbekistan Airways») аз 29-уми март ба роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе оғоз мекунад.

Бино ба маълумоти расонаҳои интернетӣ, ки ба хизматгузориҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ машғуланд, парвози нахустин тариқи ин хатсайр баъди таваққуфи тӯлонӣ субҳи рӯзи 29-уми март аз ҷониби ширкати UZ Airways анҷом дода мешавад.

Гуфта мешавад, рақами хатсайр HY 783 буда, он бо ҳавопаймои навъи «Airbus A320» сурат мегирад. Рақами хатсайри парвоз аз Душанбе ба Тошканд HY 783 буда, он низ ҳамон рӯз бо ҳавопаймои навъи «Airbus A320» (вақти парвоз – 08:55 ва расидан ба нуқтаи таъинот – 10:00) ба иҷро мерасад.

Зимнан зикр мегардад, ки вақти павоз 1 соату 5 дақиқаро ташкил дода, парвози ҳавопаймоҳо тавассути ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта мукаррар шудааст.

Шахсони расмӣ алҳол ин хабарро ба ҳеҷ гунае шарҳ надодаанд, вале рӯзи 12-уми январи соли равон «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе, баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.