Дар соли 2014 аз Тоҷикистон 213 ҳазору 265 сайёҳ боздид кардааст. Маблағе, ки аз ин бахш ба иқтисоди кишвар ворид шудааст, беш аз 106 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, даромаде, ки бахши сайёҳӣ дар соли 2014 ба иқтисоди Тоҷикистон овардааст, аз як соли қабл 2,9 дарсад бештар аст. Ҳар гардишгаре, ки аз Тоҷикистон боздид мекунад, ба ҳисоби миёна 500 доллар фоида меорад.
Баҳрабарии ҳамсоякишвар аз бренди «Помир»
Ин дар ҳолест, ки барои мисол кишвари ҳамсояи мо - Қирғизистон ҳамасола аз бахши сайёҳӣ фоидаи бамаротиб бештарро соҳиб мешавад. Дар соли 2013 ин кишвар аз ҳисоби сайёҳон беш аз 560 миллион доллар даромад доштааст. Теъдоди сайёҳоне, ки аз Қирғизистон боздид кардаанд, дар як сол ба 3 миллиону 65 ҳазор нафар мерасад. Сафари сайёҳон ба Қирғизистон замоне афзуд, ки дар соли 2011 ин ҷумҳурӣ низоми раводидро барои шаҳрвандони 45 кишвари ҷаҳон бекор кард.
Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки омори боздиди гардишгарон аз Тоҷикистон хеле ба кундӣ афзоиш меёбад, Қирғизистон тавонистааст, аз ҳисоби ҷалби сайёҳон ба минтақаи Бадахшони Тоҷикистон низ фоидаи молӣ ба даст орад. Ҳамасола садҳо сайёҳи хориҷӣ тавассути кишвари ҳамсоя вориди қисми шарқии Бадахшон, аз ҷумла, ноҳияи Мурғоб шуда, аз зебоиҳои ин минтақа баҳра мебаранд.
Зоиршоев ҳамзамон тарғиби бештари бренди «Помир»-ро амри муҳим мехонад. Зеро ширкатҳои сайёҳӣ дар кишварҳои ҳамсоя аллакай бо инъикоси навиштаҷоти «Помир» ва акси қуллаҳои барфпӯши он дар зарфҳои гуногун тавонистаанд, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ин минтақа ҷалб созанд.
Ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Мурғоб
Тоҷикистонро бо Қирғизистон ноҳияи Мурғоб мепайвандад ва сайёҳоне, ки аз дарвозаи кишвари ҳамсоя вориди Бадахшон мешаванд, нахуст аз мавзеи «Аличур» боздид мекунанд. Дар ин мавзеъ меҳмонон имкон доранд, ки дар доманакӯҳҳо гусфанди кӯҳии «Марко Поло»-ро бинанду қутоссаворӣ кунанд. Қутоспарварони минтақа чанде аз ҷонварони сардигарди худро барои саворӣ низ омода кардаанд, аммо теъдоди ҳайвонот ҳанӯз кам аст.
Омилҳои мушкилофар барои рушди сайёҳӣ
Дар Бадахшон созмонҳои гуногун барои беҳтар кардани зерсохторҳои сайёҳӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Вале фароҳам овардани шароит барои хориҷиён дар чунин минтақа кори осон нест. Ба таъкиди коршиносони соҳа, як зумра мушкилоте ҷой доранд, ки сайёҳон аз сафар ба Бадахшон тавассути пойтахти Тоҷикистон бо вуҷуди майли зиёд худдорӣ мекунанд. Раводиди сафар, зерсохторҳои номуносиб, хидматрасонии пастсифат ва набудани мутахассисони соҳа аз монеаҳои рушди бахши сайёҳӣ на танҳо дар Бадахшон, балки дар тамоми қаламрави Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Бахши сердаромад
Боздид аз Бадахшони Тоҷикистон ба сайёҳон ҳамзамон имкон медиҳад, ки ба Бадахшони Афғонистон сафар кунанд. Минтақаҳои баландкӯҳи ду ҳамсоякишварро ҳамагӣ як дарё аз ҳам ҷудо мекунад ва майли сайёҳон ба шиносоӣ бо рӯзгори сокинони Бадахшони Афғонистон хеле зиёд будааст.
Коршиносон мегӯянд, дар Бадахшон сайёҳӣ бахши сердаромадтарин барои аҳолӣ буда метавонад. Чашмаҳои шифобахш, қуллаҳҳои осмонбӯс, ҷонварони нодир, шикори ҳайвоноти кӯҳӣ ва бозори гарми тиҷорати ҳунарҳои дастию хидматрасонӣ ба сайёҳон бахшҳое мебошанд, ки аз онҳо манфиати зиёд дидан мумкин аст.

Гардишгарӣ дар Бадахшон мавсимӣ нест. Пас аз саёҳати тобистона дар ин ҷо мавсими зимистона барои кӯҳнавардон фаро мерасад. Аммо коршиносон ба зурурати тавассути Душанбе ва ширкатҳои дохилӣ ба ин қисмати кишвар фиристодани сайёҳон таъкид мекунанд.
Сайёҳиву гардишгарон имрӯз аз сарчашмаҳои аслии даромад ба иқтисоди бисёре аз кишварҳои ҷаҳон маҳсуб меёбад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар садри феҳристи кишварҳое қарор дорад, ки аз ин бахш нафъи молии зиёд ба даст меоранд. Даромади яксолаи ин кишвар аз ҳисоби сайёҳон ҳудуди 110 миллиард долларро ташкил медодааст. Мақеъҳои баъдиро дар ин феҳрист Испониё, Фаронса, Итолиё, Чин ва Олмон ишғол кардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста