Зимни нишасти хабарии рӯзи 23-юми январ дар Душанбе муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Шавкат Соҳибов изҳор намуд, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли гузашта 13,3 млрд. сомонӣ (беш аз 2,5 млрд. $)-ро ташкил дод.

Бино ба иттилои ӯ, ин нишондиҳанда аз ҳаҷми пешбинишуда 1,2% (268,3 млн. сомонӣ) зиёдтар аст. Ҳаҷми даромади умумии буҷети давлатии соли 2014 нисбат ба даромадҳои буҷети соли 2013 ба миқдори 1,8 млрд. сомонӣ бештар аст.

Муовини вазири молия қайд кард, ки соли 2014 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ – 11,5 млрд. сомонӣ, воситаҳои махсус – 703,9 млн. сомонӣ ва қарзу бурсҳо барои амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ – 1 млрд. сомонӣ маблағҳо ворид шуданд.

«Дар ин давра ба маблағи умумии 3,7 млрд. сомонӣ 28 созишномаҳои қарзиву бурсӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, аз ҷумла 14 созишномаи бурсӣ ба маблағи 474 млн. сомонӣ ва 14 созишномаи қарзӣ ба имзо расиданд, ки ҳаҷми умумии онҳо 3,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад», - гуфт муовини вазир.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2014 қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ ба андозаи 95,1% ба иҷро расидааст. «Соли гузашта ба рушди иқтисоди кишвар аз буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 13,2 млрд. сомонӣ маблағ равона гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2013 ба миқдори 1,7 млрд. сомонӣ зиёдтар аст», - афзуд Ш.Соҳибов.