Яке аз ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и маҳсулоти ғизойии Русия «Ашан Россия», ки яке аз воҳидҳои ширкати фаронсавии «Ашан» аст, бо ширкати Schiever оид ба ифтитоҳи мағозаҳо дар Тоҷикистон шартномаи франшизӣ (додани маҷмӯи ҳуқуқҳо) ба имзо расонид. Дар ин бора дар сомонаи расмии ширкати русиягӣ иттилоъ дода мешавад.
Ба иттилои манбаъ, воҳиди русиягии «Ашан» маҳсулоти дар Русия истеҳсолшударо таҳти тамғаи тиҷоратии худ ба Тоҷикистон таҳвил медиҳад. Интиқоли маҳсулот аз анбор дар шаҳри Новосибирск сурат мегирад.
Дар маълумот қайд мешавад, ки айни замон дар Русия беш аз 2,5 ҳазор навъи маҳсулот таҳти тамғаи тиҷоратии худии «Ашан» истеҳсол карда мешавад. «Анбори шаҳри Новосибирск тасодуфӣ интихоб нашудааст, зеро аввалан он аз нигоҳи ҷуғрофӣ наздик буда, ҳамчунин дар ин ҷо ҳамаи молҳои таҳти тамғаи мо истеҳсолшуда мавҷуданд. Мо ба таъминкунандагони худ бо дархости ҳамкорӣ бо Тоҷикистон нома фиристодем», - гуфтааст директор оид ба муомилоти франшизии ширкати «Ашан Россия» Эммануэл Тесйе.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки ифтитоҳи нахустин мағоза дар Душанбе бо лавҳаи «Ашан Сити» соли 2015 дар назар аст. Майдони ин мағоза 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, навъи маҳсулот аз 12 ҳазор адад иборат хоҳад буд. Дар сурати муваффақона сурат гирифтани нақша, муддати 5 сол дар Тоҷикистон бо ин тариқ боз якчанд мағозаи гиперпмаркетҳои «Ашан» кушода мешаванд.
Гурӯҳи тиҷоратии Aushan яке аз операторҳои бузургтарини савдои чаканаи ҷаҳон ба шумор меравад. Гурӯҳ соли 1961 аз ҷониби Жерар Мюле таъсис дода шудааст. Ба охири соли 2013 ҳайати гурӯҳ беш аз 1,5 ҳазор мағоза бо шумули 774 гипермаркет дар 13 кишвари дунёро дар бар мегирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста