ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» баландшавии меъёри фоизи «Пасандозҳои босуръат» -ро бо сомонӣ аз 17% то 19% солона эълон намуд.
Бино ба маълумоти иттилоияи бонк, ташаббуси мазкурро муовини раиси Раёсати ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» Булат Конурбаев шарҳ дода, чунин қайд намудааст: «Мизоҷони мо – ин одамони масъулиятнок мебошанд, ки оид ба беҳбудии молиявии оилаи худ ғамхорӣ зоҳир мекунанд ва буҷаи оилавии худро босаводона ташкил мекунанд. Мо чунин сифатҳои мизоҷонамонро қадр мекунем ва ба онҳо боз як имконияти хеле хуб барои афзоиши устуворонаи даромади онҳо пешниҳод менамоем. Баланд бардоштани меъёрҳои фоизи пасандозҳои босуръат бо сомонӣ – ин усули самараноки афзоиши сармояи худ ва пасандозкунии маблағи зарурӣ барои чорабиниҳои банақшагирифташуда мебошад!».
Мизоҷони «АксесБонк Тоҷикистон» дар Бонк пасандозҳо кушода, бартарияти хизматрасониҳои аврупоиро арзанда баҳо доданд: таъмини амнияти воситаҳои пулӣ дар бонки боэътимод ва шаффов, меъёри фоизии арзанда, суръати ҳалли масъалаҳо, муносибати алоҳида, сифати баланди хизматрасонӣ.
Инчунин дар «АксесБонк Тоҷикистон» мизоҷон метавонанд суратҳисобҳои амонатӣ кушода, зуд қарзҳои муфид ва дастрас ба даст оранд ва аз низоми интиқоли пул зуд истифода баранд.
Маълумотнома: «АксесБонк Тоҷикистон» яке аз таҳвилкунандагони пешсафи хизматрасониҳои маблағгузории хурд дар мамлакат, бо чор филиал дар пойтахт ва яктоӣ филиал дар шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, Турсунзода ва Қӯрғонтеппа маҳсуб меёбад. Моҳи сентябри соли 2014 дар вилояти Суғд аввалин Маркази Хизматрасониҳои Бонкӣ кушода шуд. Кушодашавии Маркази дуюми Хизматрасониҳои Бонкӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа моҳи январи соли 2015 доир гардид. Бонк имрӯз шабакаҳои филиалии афзуншаванда ва кормандони соҳибтаҷриба дар ихтиёр дошта, ба зиёда аз 10 000 мизоҷ хизмат мерасонад.
«АксесБонк Тоҷикистон» соли 2009 аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD), Корпоратсияи Байналмиллалии Молия (IFC), Бонки Рушди Олмон (KfW) ва «AccessHolding» таъсис дода шуда буд. «АксесБонк» расман фаъолияти худро моҳи апрели соли 2010 оғоз намуд. Самти асосии фаъолияти бонк – карздиҳии тиҷорати микро ва хурду миёна мебошад. Дар тӯли фаъолияти чорсолаи худ бонк ба нишондодҳои хеле баланд дар қисмати қарзӣ ноил гардид. Моҳи августи соли 2014 маблағи умумии сандуқи қарзии бонк зиёда аз 50 млн. доллари ИМА ташкил дод. Ду сол пеш, баъди аз Бонк миллии Тоҷикистон гирифтани Иҷозатнома барои ҷалби пасандозҳо, сандуқи пасандозии «АксесБонк» ҳаҷми зиёда аз 4млн. доллари ИМАро ноил гашт. Интизор меравад, ки тамоюли афзоиши қатъӣ солҳои наздик нигоҳ дошта хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста