Расидани рӯзҳои гарму форами баҳорӣ ноаён сурат мегирад, бинобар ин барои бадал намудани симои мавсимии хеш пешакӣ бояд тараддуд намуд. Яъне ба сарулибоси пешина бояд тароват бахшид, ягон чизи наверо харидорӣ кард. Азназаргузаронии либосҳои ҷевонатон оғози ин иқдомҳост.
1. Оё либоси болоиатон барои таҷдид эҳтиёҷ дорад?
Ҳамаи мавридҳоро пеши назар оред- дар вазъиятҳои гуногуни боду ҳаво кадом либосҳоро ҳар рӯз мепӯшеду кадомҳояшро дар иду маъракаҳо ба бар менамоед. Барои либосҳои болоӣ чунин ҷузъиётҳоро ба монанди дастпӯшак, кулоҳу гарданпечҳо доред ё не? Ҳамаи онҳоро дар мувофиқа пӯшида бинед. Дар ин иқдом маълум мешавад, ки кадом ҷузъиёт намерасад ва онро ба рӯихати харидҳо ворид намоед.
2. Пойафзол. Оё дар ҳавои хушк ва ё боришнок пойафзоли ба либоси болоӣ мувофиқ доред ё не? Чӣ намерасад? Пойафзоли ҳаррӯза ва идона доред ё не?
3. Аз пеши назар гузаронед, ки дар охири баҳор, вақте ки бо либоси болоӣ гарм мешаведу бе он алҳол салқинтар аст, чӣ мепушед? Боронии тунук ё бо нимтанаи бофташуда ё кифтпӯшаки нарм? Онҳоро бо кадом либосҳо мепӯшед?
4. Мувофиқати либосҳоро дида бароед. Аз назар гузаронидани чунин ҷузъиётро ба монанди чатр, миёнбандҳо ва сумкаҳоро аз хотир набароред.
5. Либосҳои зимистонаро пеш аз ба ҷевон ғундоштан, албатта шӯед ва хеле хуб хушк кунед.
Либосҳои баҳориро низ шустан лозим аст. Мошинҳои ҷомашӯии LG силсилаи Titan 2.0 аз уҳдаи ҳамаи ин корҳо ба хубӣ мебароянд. Дизайни нав хусусияти ин мошинҳоро инъикос намуда, бакорбариашонро қулайтар намудааст. Панели сенсорӣ дар кунҷи 15 дараҷа ҷойгир буда, онро хам нашуда ба кор даровардан мумкин аст. Дастаки ниҳонии дар ҳамчунин барои истифода қулай аст.
6 алгоритми ҳархелаи шустушӯ ба таври автоматӣ дар реҷаи лозимӣ танзим мешаванд. Танҳо пеш аз ба кор даровардани мошин, навъи матоъро нишон диҳеду халос. Дар муқоиса, дигар мошинҳои ҷомашӯӣ аз 1 то 3 алгоритми чархзаниро истифода мебаранд.
Муҳаррики инвертории иноватсионӣ бо ҳаракатовари мустақим ҷиҳозонидашуда, вобаста аз навъи либосҳои воридшуда, суръати ҳаракати устувонаро ба танзим медарорад. Дар натиҷа тозагии комили либосҳои гуногуннавъ таъин мегардад. Устувона рост ба муҳаррик , бе истифодаи чарху тасмаи чархгардонӣ часпонида шуда, дар ҳолати кор кардан бе овоз ва бо сифати баланд кор мекунад. Ва LG ба ҳар ихтирои инноватсионии худ бо номи ҳаракатовари мустақим боз 10 сол кафолат пешниҳод менамояд.
Агар Шумо хоҳед, ки фақат ба либос таровате бахшед, бароятон функсияи шустушӯи буғии True Steam писанд меояд. Молекулаҳои буғ ба дахили матоъ чуқур ворид шуда, дар муддати 30 дақиқа то 99,9%-и аллергенҳои маълумро нест менамояд.
Мошинҳои ҷомашӯии LG аз тарафи Фонди бритонии мубориза бар муқобили аллергия- BAF ва Ассотсиатсияи табибони бемориҳои аллергия ва иммунологияи кӯдаконаи Русия –АДАИР эътироф шудаанд. Реҷаи «тозаву тар ва хушбӯй намудан» (освежить) имконият медиҳад, ки дар давоми 20 дақиқа, бӯи тафт бартараф шавад ва қатҳои сабук бе истифодаи хокаҳои шустушуӣ ва об рост гарданд. Самаранокии мошинҳо дар мавриди бартарафкунии бӯй ва қатҳо бо сертификатҳои INTERTEK тасдиқ шудаанд.
Боз як афзалияти мошинҳои ҷомашӯии LG-функсияи инқилобии TurboWash мебошад.
Ин функсия муҳлати пурраи ҷомашӯиро то ба 59 дақиқа кам ва дар баробари ин миқдори истифодаи обу қувваи барқро сарфа менамояд. Ҳангоме, ки Шумо оббозӣ мекунед (душ қабул менамоед), мошинаи ҷомашуӣ ба либосҳоятон таровати нав мебахшад.
Мошинҳои нави ҷомашӯии LG сазовори дараҷаи А++-и самарабахши барқ мебошанд, ки дар Аврупо нишондиҳандаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Дар бораи ширкати LG Electronics
Ширкати LG Electronics Inc яке аз пешбарони ҷаҳонӣ ва офарандаи технологияҳои иноватсионӣ дар бозори истеъмолкунандагони маводҳои электронӣ, алоқаи мобилӣ ва техникаи маишӣ буда, он дар тамоми дунё 113 офис ва 87 000 корманд дорад. Дар соли 2013, ҳаҷми фурӯши глобалии он 53,10 млрд. доллари ИМА-ро ( 58,14 трлн вони кореягӣ) ташкил дод. Ширкати LG аз чор қисмати тиҷоратӣ: Home Entertainment, Mobile Communications, Home Appliance &, Air Solution ва Vehicle Components иборат буда, дар дунё яке аз пешравтарин ширкатҳои истеҳсолкунандаи телевизорҳои ҳамворпанел, дастгоҳҳои мобилӣ, кондинсионерҳо, мошинҳои ҷомашӯӣ ва яхдонҳо мебошад. Дар соли 2014 маҳсулоти LG Electronics бо 15 ҷоизаи International CES® Innovations Awards мукофотонида шудааст.
Дар бораи ширкати LG Electronics Home Appliance.
Ширкати LG Electronics Home Appliance дар соҳаи техникаи маишӣ ҳамчун навовар ва пешниҳодкунандаи маводҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва иноватсионӣ шинохта шудааст. Аз ин рӯйхат метавон яхдонҳо, мошинҳои ҷомашӯӣ,зарфшуӣ, техникаи матбахӣ, чангкашакҳоро номбар намуд. Дастгоҳҳои маишии ин ширкат дар истифода осон мебошанд. Ширкат пайваста технологияҳояшро такмил медиҳад ва ба оламиён техникаи маишии ҳайратовареро ба мисли аввалин яхдони интерактивӣ ва ё мошинаи ҷомашӯии буғиро пешниҳод менамояд. Тавассути иноватсияҳо ширкати LG дар соҳаи техникаи хонагӣ тамоилҳои нав ба навро ба роҳ монда, мавқеи пешбарандаи хешро дар ҷаҳон мустаҳкам менамояд.
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Куштори як генерали Русия дар Маскав
Дар ВМКБ ҳам "лимит"-и барқ ҷорӣ шудааст
“Мувофиқи қонуни виҷдон зиндагӣ мекунам”. Дард, шеър, шахсият ва сиёсати Гулрухсор
Омодагӣ ба интихобот. Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷуман мегузаронад
Ҳалокати 17 нафар дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ дар соли равон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста