Моҳи январи соли равон ба Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 38 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли 2014 қариб 45% камтар аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, моҳи гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи 30,1 млн. доллари ИМА 37,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст. Моҳи январи соли 2014 ба Тоҷикистон ба маблағи 56,7 млн. доллари ИМА 66,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида буд.
Бо назардошти афзоиши ҳамасолаи воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон, ба ин миқдор коҳиш ёфтани ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ тааҷҷубовар аст.
Тибқи маълумоти Агентии омор, ба Тоҷикистон соли 2012 — 373 ҳазор тонна, соли 2013 – 376 ҳазор тонна ва соли 2014 – 580 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.
Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста