Аз 1 апрел тарифҳои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 2% афзуданд. Ширкатҳои фароҳамсози алоқаи мобилӣ дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз нашр дар ВАО-и расмӣ тағйирот ба Кодекси андоз оид ба афзоиши меъёрҳои андози аксизӣ аз 3 то 5% мавриди амал қарор гирифтанд.
Дар торнамои расмии ширкатҳои Tcell, Beeline ва Megafon-Точикистон дар мавриди ин масъала зикр мегардад, ки аз 1 апрели соли 2015 тамоми навъи хизматгузориҳои операторони мобилӣ ба ҳисоби миёна 2% афзудаанд, яъне бо назардошти болоравии меъёри андози аксизӣ.
Ёдрас мекунем, ки аксиз ба алоқаи мобилӣ дар Кодекси андози Тоҷикистон соли 2011 ба андозаи 3% муқаррар шуда буд. Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон вазири молияи онвақтаи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуда буд, ки ҷорӣ гардидани андози аксизӣ ба хизматгузориҳои алоқаи мобилӣ ба муштариёни ширкатҳои мобилӣ дахл намекунад. «Даромади ҳамасолаи тамоми ширкатҳои мобилӣ дар кишвар 1 млрд. 800 млн. сомонӣ (беш аз 400 млн. $)-ро ташкил медиҳад ва андози иловагиро операторон аз ҳисоби даромадҳои худашон пардохт мекунанд», - гуфта буд вазир ва илова намуда буд, ки аз ҷорӣ шудани ин андози аксизӣ ба буҷети ҷумҳурӣ 30 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ ворид мегардад.
Пас аз гузашти се сол вакилони парлумон афзоиши андози аксизӣ барои операторони алоқаи мобилӣ то миқдори 5%-ро маъқул шумориданд.
Роҳбари Ассотсиатсияи операторони мобилии Тоҷикистон Ғафур Иркаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки афзудани тарифҳо чораи маҷбурӣ аст, зеро танзимкунанда зимни муайян кардани арзиши алоқа тағйири қурби асъор, нархи нерӯи барқ, арзиши пардохти маблағи иҷора ва арзиши аслии зангро ба инобат мегирад.
«Болоравии тарифҳо метавонад ба кам шудани таваҷчуҳ ба ин бозору истифода аз хизматгузориҳои он ва ҳамчунин коҳиши ҷойҳои кориву кадрҳо боис гардад. Ҳамчунин аз афзудани тарифҳо нисбат ба шаҳрҳои бузург минтақаҳои дурдаст ба мушкилиҳо дучор мешаванд, зеро ба хизматгузориҳо барои шаҳрҳои бузург дастрасӣ карда наметавонанд. Ба ҳама гуна навъҳои хизматгузорӣ андози аксизӣ пардохт мегардад», - гуфт Иркаев.
Тибқи маълумоти ахир, дар ҳоле ки аҳолии Тоҷикистон беш аз 8 млн. нафарро ташкил медиҳад, шумори муштариёни операторони мобилӣ ба 10 млн. нафар расида, ҳудуди 6 млн. нафар муштариён фаъол мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста