Тибқи маълумоти фаврии Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи ававли соли ҷорӣ 2 млрд. 814,6 млн. сомониро ташкил додааст, ки ба 95,6% аз нақшаи тасҳеҳшуда баробар аст.
Ба иттилои манбаъ, давоми моҳҳои январ-феврали соли 2015 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон 1 млрд. 907 млн. сомониро ташкил додааст, ки ба миқдори 5% аз нишондиҳандаи пешбинишуда камтар аст.
Аз ҷумла, дар зарфи 2 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти маблағҳо аз пардохти андоз 1 млрд. 521,1 млн. сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин ба миқдори 26,7 млн. сомонӣ (1,7%) коҳиш ёфтааст. Дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷет ҳиссаи воридоти маблағҳо аз ҳисоби пардохти андозҳо давоми моҳҳои январ-феврал 79,8%-ро ташкил додаанд.
Воридоти маблағҳои ғайриандозӣ дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷет дар зарфи ду моҳ 10,7% (204,7 млн. сомонӣ)-ро ташкил дода, нисбат ба давраи моҳҳои январ-феврали соли 2014 ба миқдори 82,8 млн. сомонӣ афзудаанд.
Дар ҳамин ҳол, тӯли моҳҳои январ-феврали соли равон ҳаҷми хароҷоти Буҷети давлатии Тоҷикистон 1 млрд. 764,2 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 346,4 млн. сомонӣ зиёд шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 13,3 млрд. сомониро ташкил дода, аз нақша 2,7% зиёдтар буд.
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 дар ҳаҷми 15 млрд. 278 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта ба миқдори 10% бештар аст.
Ҳаҷми ҳадди ниҳоии каср (дефитсит)-и Буҷети давлатӣ дар соли равон ба андозаи 0,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ба маблағи 264,1 млн. сомонӣ) тасдиқ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста