Намояндагии QNet дар Тоҷикистон барҳам хӯрда, ширкат тибқи қарордод тариқи агентии маҳаллии ҶДММ «ТАКТ-Сервис» ба фаъолияти худ идома мебахшад.
Қобили зикр аст, ки ҳанӯз 18 март дар ВАО-и расмӣ дар бораи барҳам хӯрдани ширкати QNet эълонҳо ба нашр расида буданд.
Аз ширкати QNet ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин тарзи фаъолият як таҷрибаи байнулмилалист, ки як қисмати фаъолияти муайян ба шарикон дода мешавад, то ки пешниҳоди хизматгузориҳо пурсамар гардида, захираҳо сарфа шаванд.
QNet ширкатест, ки ба фурӯши мустақим тавассути маркетинги шабакавӣ ба воситаи Интернет машғул аст. Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз қабили Гонконг, Сингапур, Тайиланд, Филипин, Ҳиндустон, Туркия, Арманистон, Индонезия, Малайзия, Русия ва ғайра расман ба қайд гирифта шудааст.
Ширкат соли 1998 дар Гонконг таъсис ёфта, дар самтҳои фурӯши мол ва маҳсулоти эксклюзивӣ, пешниҳоди хизматгузориҳо, омӯзиш ва таълимот, рушди тиҷорат, идоракунии лоиҳаҳо, логистика, маркетинги шабакавӣ, савдои чакана фаъолият мекунад.
Ширкат ба бахшҳое чун телекоммуникатсия, барномаҳои ТВ ва радио, кори бонкӣ, тиҷорат дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла бахшҳои истироҳату фароғат ва меҳмонхонаҳо сармоягузорӣ мекунад.
Фаъолияти асосии ширкат тариқи шабакаи Интернет амалӣ мешавад. Мизоҷон тавассути Интернет аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон бо кумаки намояндагони QNet молу маҳсулоти эксклюзивӣ дастрас карда метавонанд. Аммо сокинони Тоҷикистон ин ширкатро дар фиреби аҳолӣ ва бунёди пирамидаи шабакавӣ муттаҳам медонанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Tanho reper24 феврал, 2016 13:42
агар ки Qnet барҳам хурда бошад пас чаро то ҳол дар Тоҷикистон фаъолият карда истодааст .