Техникаи оқил нишонаест, аз тамаюлоти оянда, вале он имруз дастраси ҳамагон гаштааст. Истеҳсолкунандаи бузурги ҷаҳоншумул, ширкати LG Electronics, ба истифодабарандагонаш, ба туфайли барномаи такмиёфтаи webOS 2.0. имконияти беинтиҳои идоракунии Smart телевизорҳоро пешкаш менамояд.
Саъю кўшиш аз баҳри такоммули ҷабҳаҳои гуногун, тавассути технологияҳои иноватсионӣ бароҳативу ҳаловатро дастраси ҳар як истифодабаранда намудан –ин аст стратегияи фарқкунандаи LG! Барномаи амалиётии WebOS 2.0 бо хусусияти қулай будани идоракунии телевизорҳо, онҳоро ба сатҳи нисбатан нав мебарорад. Тафсири охирини ин барнома тавассути дастгоҳи мукаммалшудаи истифодабарӣ ва номгўи васеи вазоифаш идоракунии нисбатан қулай ва беихтиёронаро таъмин менамояд. Тафсири беҳтаркардашудаи webOS 2.0 вақти бакордарорӣ ва иҷрои супоришотро камтар карда, имкон медиҳад, ки дар дастгоҳи бакордарорӣ, рўихати шахсии супоришот мураттаб дода шавад ва ин амал илова кардани ҷузъҳои маъқули истифодаро ба таври нотакрор осон мегардонад.
WebOS 2.0 аз тамошои навор таассуроти беҳамтоеро кафолат медиҳад. Пас афзалияти асосии ин барномаи нав дар чист? webOS 2.0. дорои шакли нави дастгоҳи истифодабарӣ буда, аллакай ба баҳои баланди истифодабарандагон, сазовор гардидааст. Тавассути ин барномаи навнасбшуда, пайвастшавӣ, таъғирдиҳӣ ва ҷустуҷуи шабакаи дилхоҳ ба кори завқбахше табдил меёбад. Истифодабарандагон шабакаи табдилёфтаи замимаҳо ва хизматрасониҳои онлайниро аз қабили афзалиятҳои асосии webOS 2.0. меҳисобанд. Дар барномаи нав ин шабака ба хати уфуқии дорои аломатҳо иваз шудааст. Истеҳсолкунандагони ширкати LG дар ин самт корро давом доданд. Акнун ороиши модели телевизорҳои дорои барномаи webOS 2.0 назар ба моделҳои ҳаммонандашон хеле равшан ва дар исифода оммафаҳму осон аст.
Ба ғайр аз ин, истеҳсолкунандагон рафти ҷўрсозии телевизор ва ба он насбшавии дастгоҳҳои иловагиро хеле васеъ намуданд. Баъди ба кор даровардани телевизори «оқил» дар асоси барномаи webOS 2.0, дар экран қаҳрамони аниматсионии BeanBird пайдо мешавад, дар олами беинтиҳои имкониятҳои webOS 2.0 шуморо роҳбалад мегардад. Ин роҳбалади телевизионӣ оид ба ҷўркунии дастгоҳи омодакунанда маълумоти дилхоҳро пешниҳод менамояд. Истифодабаранда тавассути пулти аз ҳама қулайтарин- LG Magic Remote ахбороти роҳбаладро фақат варақ мезанаду халос.
Дар поёни экран тугмачаи «Пуск»- яъне омодашавӣ ҷойгир аст, ки барои бемалол аз як шабака ба шабакаи дигар гузаштан, ҳамчунин дигар кардани контенти барномаи Smart ва ё файлҳои васлшавандаҳои гуногун кўмак мерасонад. Ин корро бе бозгашт ба тугмачаи меню ва бо сарфаи вақт метавон иҷро кард. Кор фармудани ин дастгоҳи мукаммал то ба дараҷае сода карда шудааст, ки телевизори «оқилро» кўдак ҳам истифода бурда метавонад. Барои иноватсинӣ ва самаранокиаш webOS 2.0 дар номгўи «Дизайни коммуникатсионӣ» сазовори ҷоизаи ҷаҳонии Red Dot Awards-2014 шуда буд.Ба ғайр аз ин, маҳз ҳамин пешравӣ ба нишондиҳандаи баландтарини фурўши он оварда расонид: дар ду моҳи аввали пайдоиши барномаи webOS 2.0, танҳо дар Корея зиёда аз 1 миллион телевизори LG фурўхта шуд. Бо барномаи LG webOS 2.0 ҳамаи моделҳои охирини телевизорҳои LG ҷиҳозонида шудаанд.
Дар бораи LG Electronics Home Entertainment
Ширкати LG Electronics Inc дар бозори ҷаҳонии электроникаи истеъмолӣ, алоқаи мобилӣ ва техникаи маишӣ пешрав ва истеҳсолкунандаи технологияҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Ширкат 82 000 корманд дорад, ки дар 119 коргоҳ дар тамоми олам фаъолият мебаранд. Ҳаҷми фуруши сартосарӣ дар 2014 сол, 56 млрд.доллари амрикоиро (59трлн. вони кореяги) ташкил дод. Ширкати LG аз чор қисмати тиҷоратӣ - Home Entertainment, Mobile Communications, Home Appliance &, Air Solution ва Vehicle Components иборат буда, яке аз барандагони асосӣ оид ба истеҳсоли телевизорҳои ҳамворпанел, мошинҳои ҷомашуӣ ва яхдонҳо мебошанд.Дар соли 2015 маҳсулоти LG Electronics сазовори 41 ҷоизаи International CES® Innovations Awards гардидааст.
Дар бораи LG Electronics Home Entertainment
Ширкати LG Electronics Home Entertainment дар бозори телевизорҳои ҳамворпанел, аудио-видеоплеерҳо барои сигментҳои истеъмолкунандагон ва бизнес пешрав ва пешбаранда ба ҳисоб меравад. Дар байни номгуи маҳсулоти истеҳсолкунандаи LG Electronics Home Entertainment –телевизорҳои криссталҳои моеъ ва плазмавӣ, кинотеатрҳои хонагӣ,плеерҳои Blu-ray, дастгоҳҳои аудио ва видеоплеерҳо машҳуранд. Ширкат дастгоҳҳои бисёрфунксионалии шево ва баландҷабҳаи технологӣ истеҳсол менамояд, ки сифати
вақтхушиҳои хонагиро ба сатҳи нав мебардоранд.
Роҳбари ВТБ: Бе муҳоҷирон иқтисоди Русия аз нафаскашӣ бозмемонад
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод
Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?
Муҳоҷирати корӣ ба Кувайт. Ёддошти тафоҳуми имзошуда онро чӣ гуна танзим мекунад?
“Танҳо дар тобистон барқ медиҳем”. “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста