Оё шумо бо мақсади сарфа намудани вақт, боре ҳам муҳаррики автомобилатонро ба муҳаррики пурқувваттаре иваз намудаед? Баъзан ҳаёт тақозо менамояд, ки дар ҳар кор барои ҳар чӣ тезтар иҷро шуданаш, реҷаи Turbo» омода гардад. Ширкати LG имконият фароҳам овардааст, то дар шустушӯи либос низ вақти шумо сарфа шавад.Мошинҳои нави ҷомашӯии LG Titan 2.0 бо функсияи TurboWash™ вақти пурраи ҷомашӯиро то 59 дақиқа кӯтоҳ менамояд!
Мошинаи ҷомашӯии LG Titan 2.0 бо функсияи TurboWash™ тавассути реҷаи «Turbo» ҳамагӣ дар 59 дақиқа рӯйҷову либосҳои шуморо шуста медиҳад. Бо ин мошинаи ҷомашӯӣ на фақат вақт, балки нерӯи барқ низ сарфа мегардад. Чунки созандагон техникаи LG Titan 2.0 –ро бо функсияи сарфаи нерӯи барқ муҷаҳҳаз гардонидаанд. Силсилаи LG Titan 2.0 аз се модел ( F12U1HBS4 , F12U1HCS2 , F12U1HDN5 ) ва 6 алгоритми гуногуни чархзании устувона иборат аст. Онҳо кафолати шустушӯи ғамхоронаи либосҳои қимматбаҳоро дар бар гирифта, имконият фароҳам меоварад, ки тамоми намуди матоъҳо тоза шуста шаванд. Муҳаррики иноватсионии инверторӣ бо ҳаракатовари мустақим ҷиҳозонидашуда, вобаста аз навъи либосҳои воридшуда, суръати ҳаракати устувонаро ба танзим медарорад. Дар натиҷа тозагии комили либосҳои гуногуннавъ таъин мегардад.
Яке аз хусусиятҳои мошини нави ҷомашӯӣ –ин муҷаҳҳаз будани он бо дастгоҳи
функсияи шустушӯи буғии True Steam аст, ки 99,9%-и бактерияҳои гуногунро нест менамояд. Маҳз ҳамин бактерияҳо бисёр вақт сабаби пайдоиши аллергентҳои гуногун дар организми инсон мешаванд.
Дар истифода осон ва оммафаҳм будани LG Titan 2.0 онро бешубҳа ба гурӯҳи беҳтарин мошинҳои ҷомашӯии ин навъ дастгоҳҳои техникӣ шомил месозад. Барои ба истифода омода сохтани он хам гашта, барномаҳоро дурру дароз аз назар гузаронидан лозим намеояд. Чунки панели сенсории LG Titan 2.0 дар кунҷи 15 градус ҷойгир буда, вазифаҳои шуморо ба дисплеи равшану васеъ бемалол мебарорад.
Боз як хусусияти беҳамтои мошинаи ҷомашӯии LG Titan 2.0 тобоварии техникии он мебошад. Барои мисол, ин мошин дар ҳолати пасту баландшавии нерӯи барқ вайрон намешавад.Он ҳатто имкон намедиҳад, ки дар вақти омодасозӣ ва интихоби реҷаву вазифа шумо ба хатогиҳо роҳ диҳед. Ва махсусан барои соҳибхоназанҳо беовоз кор кардани он писанд омадааст. Ин дастовард танҳо ба туфайли насби устувона рост ба муҳаррик , бе истифодаи чарху тасмаи чархгардонӣ ба даст омадааст.
Дар бораи LG Electronics Home Entertainment
Ширкати LG Electronics Inc дар бозори ҷаҳонии электроникаи истеъмолӣ, алоқаи мобилӣ ва техникаи маишӣ пешрав ва истеҳсолкунандаи технологияҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Ширкат 82 000 корманд дорад, ки дар 119 коргоҳ дар тамоми олам фаъолият мебаранд. Ҳаҷми фуруши сартосарӣ дар 2014 сол, 56 млрд.доллари амрикоиро (59трлн. вони кореяги) ташкил дод. Ширкати LG аз чор қисмати тиҷоратӣ - Home Entertainment, Mobile Communications, Home Appliance &, Air Solution ва Vehicle Components иборат буда, яке аз барандагони асосӣ оид ба истеҳсоли телевизорҳои ҳамворпанел, мошинҳои ҷомашуӣ ва яхдонҳо мебошанд.Дар соли 2015 маҳсулоти LG Electronics сазовори 41 ҷоизаи International CES® Innovations Awards гардидааст.
Дар бораи LG Electronics Home Entertainment
Ширкати LG Electronics Home Entertainment дар бозори телевизорҳои ҳамворпанел, аудио-видеоплеерҳо барои сигментҳои истеъмолкунандагон ва бизнес пешрав ва пешбаранда ба ҳисоб меравад. Дар байни номгуи маҳсулоти истеҳсолкунандаи LG Electronics Home Entertainment –телевизорҳои криссталҳои моеъ ва плазмавӣ, кинотеатрҳои хонагӣ,плеерҳои Blu-ray, дастгоҳҳои аудио ва видеоплеерҳо машҳуранд. Ширкат дастгоҳҳои бисёрфунксионалии шево ва баландҷабҳаи технологӣ истеҳсол менамояд, ки сифати вақтхушиҳои хонагиро ба сатҳи нав мебардоранд.
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод
Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?
Муҳоҷирати корӣ ба Кувайт. Ёддошти тафоҳуми имзошуда онро чӣ гуна танзим мекунад?
“Танҳо дар тобистон барқ медиҳем”. “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро шарҳ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Вазири бахшанда ва вазири хасис”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста