Шаҳрванди Олмон, аслаш аз Испания Эвхенио Хайме Манзано директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ Ллойд Пакстонро, ки аз моҳи октябри соли 2012 ба ин ширкат роҳбарӣ мекард, иваз намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, Манзании 49-соларо дар бахши ҳавопаймоӣ ҳамчун роҳбари соҳибкасби байнулилалӣ мешиносанд. Шӯрои мудирони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба чунин хулоса расидаанд, ки Эвхенио Хайме Манзано ба босаводона ва аз нигоҳи касбӣ таҳия намудани самти минбаъдаи рушди ширкат қодир аст.
«Ман ба ҳайси намояндаи ширкати «Сомон Эйр» дар Олмон фаъолият доштам ва ҳамеша бо раҳбарияти ширкат дар гуфтушунид будам. Вақте ба ман кор кардан дар ин вазифаро пешниҳод карданд, ман розӣ шудам, зеро бо қалбам аллакай худро дар Тоҷикистон эҳсос мекардам», - гуфтааст ба журналистон Эвхенио Хайме Манзано.
Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки ба рушди ширкат талош варзида, хатсайрҳои нав боз мекунад ва ҳавопаймоҳои нави Боинг харидорӣ мекунад, вале аз ҷузъиёти ин нақшаҳо ҳарфе нагуфта, илова намудааст, ки ин корҳо минбаъд ба сомон мерасанд.
Э.Х.Манзано дорои ду маълумоти олӣ мебошад: роҳбари ширкати ҳавопаймоии Iberia ва магистр оид ба идоракунии тиҷорати Донишгоҳи Йоханнеси Гутенберг. Эвхенио Хайме Манзано фаъолияти касбии худро аз соли 1986 ба сифати роҳбар-таҷрибаомӯз дар ширкати Iberia оғоз намудааст. Аз соли 1989 то 2003 Эвхенио Манзано дар ширкати Garuda Indonesia аввал дар вазифаи менеҷер оид ба маркетинг ва фурӯш фаъолият намуда, баъдан вазифаи муовини директори генералиро ба уҳда доштааст. Дар аввали солҳои 2004 ба Э.Х. Манзано пешниҳод карда шуд, ки ширкати Arcana Via Touristik-ро роҳбарӣ кунад ва дар ин вазифа 2 сол адои вазифа намудааст. Аз соли 2004 то соли 2010 Эвхенио Хайме Манзано ба сифати Менеҷери минтақавии ширкати ҳавопаймоии Qatar Airways дар Олмон фаъолият намуда, идораи минтақавии ширкати ҳавопаймоии Kingfisher-ро дар Олмон, Австрия ва Швейтсария роҳбарӣ намудааст, ҳамчунин ба сифати роҳбари Департаменти тиҷоратии ширкати OLT Express фаъолият намудааст. Э.Х.Манзано дар панҷ соли охир вазифаи Ноиби президенти Commercial&Operations Europe Somon Air-ро бар ӯҳда доштааст, ҳамчунин ба сифати роҳбари ширкати Global GSRM GmbH фаъолият намудааст.
Эвхенио Хайме Манзано бо забонҳои испанӣ, англисӣ ва немисӣ озодона ҳарф мезанад.
Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият амалӣ мекунад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дорои ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 мебошад.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста