Ҳар кадоми мо ҳангоми харидани телевизор дар фикри онем, ки ҷӯршавию васлшавии он то чӣ дараҷа мураккаб сту чӣ қадар вақтро хоҳад гирифт. Эҳсоси нотавонӣ дар ҷӯркунӣ ва истифода аз алгоритмҳои мураккаб, баъзан водор месозад, ки аз имкониятҳои нодире, ки телевизорҳои «оқил» пешниҳод мекунанд, даст кашем. Ширкати LG Electronics дар истифодаи хати нави телевизорҳои оқили Smart TV аз аввалинҳост. Истеҳсолкунандагони он пеш аз ҳама онро бо системаи навтарини амалии LG webOS 2.0 муҷаҳҳаз гардониданд, ки идораи телевизорро содда ва ба ҳар кас дастрас мегардонад.
Ба туфайли ин коркарди иноватсионӣ васлшавӣ,табдили шабакаҳо ва ҷустуҷӯи онҳо ягон душворие пеш намеорад. Истифодабарандагон дар тамоми олам аллакай ба шакли навшудаи интерфейс баҳои баланд доданд. Аввалин чизи бароҳатии он дар он аст, ки шабакаи анъанавии замимаҳо ва онлайн-хизматрасониҳо ба хати уфуқии дорои аломатҳо иваз шудааст.Онҳо ҷойро дар экран камтар гирифта, бо интерфейси равшани назаррас фарқ мекунанд ва имкониятҳошон низ зиёд аст. Рафти ҷӯркунӣ ва васлшавии дастгоҳҳои гуногуни иловагӣ ба телевизор хеле осон карда шудааст.
Ҳамоно пас аз ба кор даромадани Smart TV дар асоси webOS 2.0 дар экран қаҳрамони аниматсионии BeanBird пайдо мешавад. Ин роҳбалади оиди васлшавию ҷӯркуни шабакаи дилхоҳи телевизионӣ маълумот пешниҳод менамояд. «Занг ба дӯстро» бекор кардан ҳам мумкин!
Барномаи навтаҳрири WebOS 2.0 имкониятҳои асосии телевизорҳои оқили замонавиро беҳтар карда, аз тамошои навор таассуроти беҳамтоеро кафолат медиҳад. Иловаи нави «Шабакаҳои ман» кофтукоби шабакаи лозимиро, бо назардошти гуногунрангии пахши рақамӣ хеле осон менамояд.Рафти ҷӯркунӣ хеле осон аст: Тугмачаи «+»-ро ёфта шабакаҳои дӯстдоштаамонро қайд мекунем. Шумораи ба қайдгирии шабакаҳо бемаҳдуд аст! Вақти ба қайдгирӣ то 60% кам шуда, дастрасӣ ба шабакаҳо чандин бор осону тезтар гардидааст. Детализатсия, сифати тасвиру садо, баромад ба Торнамои Интернет, пахши шабака тариқи дигар васлшавандаҳо, бозиҳои компютерӣ- ҳамаи ин тавсифҳои ҷудоинопазири телевизорҳои замонавӣ гардидаанд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/208977/vebos-1.jpg)
Телевизор бо webOS 2.0 ба зуддӣ васлшавии дастгоберунаро дарк мекунад. Ҳангоми васшавии дастгоҳҳои иловагӣ дар экран расми дастгоҳи васлшуда пайдо мегардад. Тавассути «Идоракунии васлшавиҳо» васлшудани дастгоҳи иловагиро фаҳмидан мумкин аст.
Дар поёни экран тугмачаи «Пуск»- яъне омодашавӣ ҷойгир аст, ки барои бемалол аз як шабака ба шабакаи дигар гузаштан, ҳамчунин дигар кардани контенти барномаи Smart ва ё файлҳои васлшавандаҳои гуногун кӯмак мерасонад.
Ин гунна навгониҳо дар моделҳои дорои дастгоҳи webOS 2.0 барои якбора иҷро кардани чанд вазифа имконият медиҳад.
Барномаи LG webOS 2 дар телевизорҳои «оқил» дар номгӯи «Дизайни коммуникатсионӣ» сазовори ҷоизаи ҷаҳонии Red Dot Awards-2014 шуда буд. Ба ғайр аз ин, маҳз ҳамин пешравӣ ба нишондиҳандаи баландтарини фурӯши он оварда расонид: дар ду моҳи аввали пайдоиши барномаи webOS 2.0, танҳо дар Корея зиёда аз 1 миллион телевизори LG фурӯхта шуд. Бо барномаи LG webOS 2.0 ҳамаи моделҳои охирини телевизорҳои LG ҷиҳозонида шудаанд. Масалан, SMART TV CINEMA 3D телевизорҳои модели 42LB720V , 55LB720V ва 47LB720V .
Дар бораи LG Electronics Home Entertainment
Ширкати LG Electronics Inc дар бозори ҷаҳонии электроникаи истеъмолӣ, алоқаи мобилӣ ва техникаи маишӣ пешрав ва истеҳсолкунандаи технологияҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Ширкат 87 000 корманд дорад, ки дар 113 коргоҳ дар тамоми олам фаъолият мебаранд. Ҳаҷми фуруши сартосарӣ дар 2014 сол, 53,10 млрд.доллари амрикоиро (58,14трлн. вони кореяги) ташкил дод. Ширкати LG аз чор қисмати тиҷоратӣ - Home Entertainment, Mobile Communications, Home Appliance &, Air Solution ва Vehicle Components иборат буда, яке аз барандагони асосӣ оид ба истеҳсоли телевизорҳои ҳамворпанел, мошинҳои ҷомашуӣ ва яхдонҳо мебошанд.Дар соли 2014 маҳсулоти LG Electronics сазовори 15 ҷоизаи International CES® Innovations Awards гардидааст.
Дар бораи LG Electronics Home Entertainment
Ширкати LG Electronics Home Entertainment дар бозори телевизорҳои ҳамворпанел, аудио-видеоплеерҳо барои сигментҳои истеъмолкунандагон ва бизнес пешрав ва пешбаранда ба ҳисоб меравад. Дар байни номгуи маҳсулоти истеҳсолкунандаи LG Electronics Home Entertainment –телевизорҳои криссталҳои моеъ ва плазмавӣ, кинотеатрҳои хонагӣ, плеерҳои Blu-ray, дастгоҳҳои аудио ва видеоплеерҳо машҳуранд. Ширкат дастгоҳҳои бисёрфунксионалии шево ва баландҷабҳаи технологӣ истеҳсол менамояд, ки сифати вақтхушиҳои хонагиро ба сатҳи нав мебардоранд.
“Агар аз ту ёд ояд...” Таҷлили 75-солагии Муқаддас Набиева дар Душанбе
Бинои маъмурии боғи марказии ноҳияи Муъминободро оташ задаанд. Гумонбар дар кофтуков аст
Моликони фурӯшгоҳи "Ашан" овозаҳои аз Тоҷикистон рафтанашонро рад карданд
Ҷудокорони тоҷик аз “Тоскулоҳи бузург”-и Боку бо ду медал ба Тоҷикистон бармегарданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се мусофир ва ҳалвои ширин”
Соли гузашта додгоҳҳои Русия қариб 90 ҳазор хориҷиро маҷбуран ихроҷ кардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2025
“Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2025
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста