Ҳафтаи сипаришуда «задухӯрд»-и асъори тоҷикиву доллари амрикоӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи мо анҷом ёфт. Ҳукумат метавонад аз фаъолияти раҳбарияти нави Бонки миллӣ қаноатманду мардуми оддӣ ва тоҷирон табли шодӣ бизананд, вале таҳлилгарони мустақил алҳол ба хурсандии онҳо шарик шуданӣ нестанд.

Қобили зикр аст, ки раванди коҳиши қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта оғоз гардид. Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта қурби доллар аз 6,52-6,54 сомонӣ то 6,40-6,42 сомонӣ, рӯзи сешанбе то 6,30-6,32 сомонӣ ва рӯзи чоршанбе то 6,22-6,24 сомонӣ поин рафт.

Афтиши мавсимӣ

Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тамоили мазкурро ба тадбирҳои роҳандозишуда аз ҷониби раҳбарияти нави бонк дар ҳамдастӣ бо дигар бонкҳои кишвар, кам шудани талабот ба асъори амрикоӣ ва ҳамчунин афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ марбут медонанд.

«Бонки миллӣ ҳамроҳ бо ташкилотҳои қарзӣ дар бозори асъори кишвар фаъолона амал карда, равандаҳои ҷорӣ дар онро назорат мекунад. Вазъ рӯз то рӯз беҳтар гардида, айни замон талабот ба асъори хориҷӣ дар ҳаҷми пурра таъмин карда мешавад», - гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар Бонки миллӣ.

Дар идома манбаъ қайд кард, ки оғози мавсими ҷамъоварӣ ва фурӯши ҳосили нави маҳсулоти кишоварзӣ низ ба коҳиши талабот ба асъори хориҷӣ мусоидат мекунад. «Имрӯз дар бозорҳои ҷумҳурӣ маҳсулоти кишоварзии ватанӣ пайдо шуда, онро алҳол аз дигар кишварҳо ворид намекунанд, ки мутаносибан талабот ба як ҳаҷми муайяни асъор камтар мешавад, ки қаблан ба хориҷи кишвар ҷиҳати харидории маҳсулоти кишоварзӣ бароварда мешуд», - иброз дошт манбаъ.

Ғайр аз ин, таъкид доштанд дар БМТ, аз аввали моҳи апрел тамоили афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар оғоз гардид. Бино ба маълумоти манбаъ, дар муқоиса бо моҳи март, моҳи апрели соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии зикршуда ба андозаи 13% афзуда, ин тамоил моҳи ҷорӣ низ идома меёбад.

Дар ҳамин ҳол, дар БМТ дахолати худ ба бозори асъор тариқи ворид кардани маблағ ба онро қотеъона рад мекунанд. «Аз 13 март Бонки миллӣ ба бевосита ворид намудани асъор ба бозори нақдӣ (интервенсия) хотима бахшид ва аз ҳамон рӯз дигар дар ин бозор чунин амалиётҳо намегузаронад», - таъкид доштанд дар БМТ.

Тадбирҳои шадид нафъ оварданд?

Қобили қайд аст, ки шурӯъ аз нимаи дуюми соли 2014 тамоили поинравии қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА оғоз гардида буд. Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, ба санаи 1 январи соли равон қурбҳои миёнаи доллари ИМА нисбати арзи миллӣ ба  5,46 - 5,48 сомонӣ баробар буданд.

Моҳи марти соли равон, ки сомонӣ ба ҳисоби миёна ҳудуди 100 бандро аз даст дод, асъори тоҷикӣ бештар таҳти фишор қарор гирифт. Раҳбарияти Бонки миллӣ оид ба қатъи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори мутааллиқ ба шахсони воқеӣ қарор қабул кард.   Ҳамин тариқ дар саросари кишвар дар маҷмӯъ аз нисф зиёди нуқтаҳои мубодилаи асъор (зиёда аз 800 адад) баста шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ба санаи 15 майи соли равон 355 адади онҳо ҳамчун муассисаи ташкилотҳои қарзӣ аз нав ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро дубора оғоз намуданд.

Зикр гардид, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ то санаи 1 июли соли ҷорӣ метавонанд ба сохтори ташкилотҳои қарзӣ гузаранд.

Ба андозаи назаррас поинравии қурби доллари ИМА дар Тоҷикистонро коршиносон ба коҳиши талабот ба ин асъор мансуб медонанд.

«Аз нигоҳи истеҳсол ва истеъмол Тоҷикистон ба марҳилаи ҷамъоварии ҳосил ворид шуд: картошка ва сабзавоту меваи маҳаллӣ пухта расида, бо сомонӣ хариду фурӯш мешаванд. Барои харидории маҳсулоти кишоварзии покистониву чинӣ ва эронӣ асъор ба хориҷи кишвар бароварда намешавад ва ин марҳила то моҳи ноябр давом мекунад», - гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коршиноси масоили иқтисодӣ Сафар Нуралӣ ва қайд кард, ки «захираҳои орд ва воридоти устувори он аз Қазоқистону Русия низ ба вазъи муътадил дар бозори маҳсулоти ғизойӣ мусоидат мекунад».

Ғайр аз ин, иброз дошт ӯ дар идома, сарфи назар аз манъкуниҳои зиёдеву ҷоришавии маҳдудиятҳо, муҳоҷирони корӣ ба Русия мераванд ва ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ меафзояд. «Шояд ин омили асосии устуворӣ ва коҳиши қурби доллар дар ҷумҳурӣ бошад», - зикр кард С.Нуралӣ.

Ӯ таъкид дошт, ки «ба ин ҳолат ҳамчунин қурби устувор ва поинравандаи рубли русӣ» низ таъсир дорад ва хотиррасон намуд, ки «қисмати асосии интиқоли маблағҳои пулӣ бо рубли русӣ сурат мегирад».

Гузашта аз ин, таъкид кард коршинос, амалисозии тамоми лоиҳаҳои зербиноӣ дар Тоҷикистон бо шумули сармоягузории ваъдакардаи Чин дар ҳаҷми 6,3 млрд. доллари ИМА қатъ нашуда, идома доранд.

Ба андешаи С.Нуралӣ, «ба қоидаҳои бозӣ дар бозори асъори кишвар рӯйи кор омадани шахсони нав дар сохтори Бонки миллӣ низ таъсир расонд». «Умед мебандем, ки онҳо вақту имкони зарурӣ ёфта, давоми моҳҳои июн-декабр ба мушкилоти муваққатӣ дар ин самт дар фасли зимистон омода мешаванд. Онҳо аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдор буда, дастгирӣ ҳам мешаванд», - афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгари равандҳои иқтисодӣ Икром Мақсудов коҳиши қурби доллар дар кишварро ба таври оддӣ шарҳ медиҳад: «Талаботи шадид ба ин асъор кам шуд. Чаро қурби доллар босуръат боло рафт? Барои он ки ҳама ба ҳарос афтоданд. Акнун ҳароси аввал паси сар шуда, ҳама хотирҷамъ шуданд ва ба ивази долларҳо шурӯъ карданд. Мутаносибан ҷараёни тасҳеҳи қурб низ оғоз гардид».

Аммо коршинос бар ин назар аст, ки қурби доллари ИМА аз 6,40 сомонӣ (1$) поинтар намеравад. «Акнун қурби доллар оҳиста - оҳиста боло меравад. Шояд ахири тобистон он дар сатҳи 7,5 сомонӣ барои 1 $ қарор гирад», - афзуд коршинос.

Иқтисодчӣ Нозим Эшонқулов бар ин назар аст, ки яке аз сабабҳои то ба ин андоза коҳиш ёфтани қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон, мудохилаи Бонки миллӣ ба бозори асъор (маблағи пулӣ ворид кардан)-и кишвар буда метавонад

«Шояд Бонки миллӣ ҷараёни ташкили шабакаи заруриро ба итмом расонида, ба фурӯши асъор шурӯъ карда бошад», - гуфт ӯ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».

Мусоҳиб хотиррасон намуд, ки қаблан Бонки миллӣ аз фурӯши мустақими асъори миллӣ ба аҳолӣ даст кашида, изҳор карда буд, ки ин амалро тавассути бонкхои сатҳи дуюмдараҷа анҷом медиҳад.

Иқтисодчӣ зикр кард, ки барои ин нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳайати бонкҳо шомил карда шуданд, то ки «назорати қурб беҳтар гардида, мутаносибан захираҳо беҳуда харҷ нашаванд». Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки сабабҳои бунёдӣ барои таҳкими қурби сомониро ӯ мушоҳида намекунад.

Тадбирҳои шадид-2

Дар ҳамин ҳол, ба назари бархе аз таҳлилгарон, ҳеҷ гуна дахолате сурат нагирифта, дар партави коҳиши талабот ба воридот аз ҷониби воридкунандагон, фишори пешниҳоди сомонӣ барои амалиёт дар бозори асъор, аз ҷумла дар саррофиҳо ҷараён дорад. Ба эҳтимоли коршиносон, дар ҳама гуна ҳолат Бонки миллӣ назди худ мақсад гузошта, дақиқан ба иҷрои он мекӯшад. «Аммо ин падидаи муваққатӣ хоҳад буд. Танзимгар ҳаҷми сомонии нақд дар муомилотро коҳиш дода, арзиши боҷи гумрукӣ ҳам бидуни сарусадо ба ҳадди ниҳоӣ боло бурда шуд, ки дар ин робита тоҷирон бар асари нархои баланд аз воридот даст мекашанд. Аз ин амалҳо карахтӣ ба вуҷуд омада, сипас метавонад камбуди баъзе маҳслуоти ҷудогона эҳсос шавад ва фаъолнокии аҳолии машғули кор ба пастӣ рӯ ниҳад. Тавре мо дар хотир дорем, ММД-и мо аз истеъмол ташаккул меёбад. Сатҳи истеъмоли хонаводаҳое, ки аз мабалғҳои пулии фиристодаи муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, имрӯз бе ин ҳам хеле паст аст. Дар натиҷа сомонӣ устувор шуда, воридоти маблағ ба буҷет коҳиш меёбад ва норасоиву камубдиҳо ба вуҷуд омада, тоҷирон аз фаъолият даст мекашанд», - қайд кард иқтисодчӣ, ки нахост ному насабаш ифшо гардад.

Ӯ ҳамчунин гуфт,агар минбаъд ин фишор зиёд шавад, комилан имконпазир аст, ки қурби 8 сомонӣ барои 1 доллар ҳам кумак накунад, зеро вақти гаронбаҳо аз даст меравад.

Иқтисодчӣ Баҳриддин Каримов чунин мешуморад, ки дар ҳама гуна ҳолат механизмҳои сиёсати монетарӣ истифода шуданд, ки аллакай нисбат ба фурӯхтани захираҳо ё қатъи фаъолияти нуктаҳои мубодилаи асъор беҳтар аст.

«Масалан, дар Русия меъёри бозтамвилро баякборагӣ боло бурданд. Ин ҷо шояд пешниҳоди асъори миллиро коҳиш доданд. Ҳарду восита ҳам барои дар давраи кӯтоҳмуҳлат устувор нигоҳ доштани асъори миллӣ дар бозор хуб буда, вале дар давраи дарозмуҳлат ин барои талабот ва ҳадафҳои болоравӣ бад аст. Алҳол ҳадаф мушаххас аст – устувор кардани қурб ва Бонки миллӣ дақиқан ба ин самт ҳаракат дорад», - иброз дошт номбурда.

Тавсияҳо

Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз итминони БМТ оид ба афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ тайи чанд моҳи ахир, коршиносони байнулмилалӣ коҳиши боз ҳам бештари онҳоро дар охири сол пешгӯӣ мекунанд. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ (БҶ), ахири сол ба ҷойи 30%-и пешбинишуда, моро 40% коҳиши интиқоли маблағҳои пулӣ интизор аст.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки дахолат (интервенсия) ба бозори асъор танҳо бо воситаҳои зарурӣ барои роҳ надодан ба калавиши беҳад зиёд дар он маҳдуд карда шавад.

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки тадбирҳо оид ба пешгирии беқурбшавии минбаъдаи арзи миллӣ аллакай захираҳои тиллову асъори дар сатҳи паст қарордоштаи кишварро хеле кам кардаанд.

Дар  гузориши  рӯзи 25 май дар бораи вазъи иқтисоди Тоҷикистон нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ дар ин робита зикр мегардад, ки ба санаи 12 марти соли равон маҷмӯи захираҳои байнулмилалии ҷумҳурӣ 465 млн. доллари ИМА ё худ ҳудуди 1,1 моҳи таъминоти воридотиро ташкил додаанд.

«Аз 1 январи соли 2015 захираҳо дар ифодаи номиналӣ қариб 12% афзуда, ба ҳар ҳол, дар натиҷаи амалиёти дахолат ба бозор, соли 2014 ҳукумат тибқи арзёбиҳо 140 млн. доллари ИМА маҷмӯи захираҳо ва давоми 2 моҳи соли 2015 боз 17 млн. доллари ИМА-ро талаф додааст», - қайд мешавад дар гузориш.

Коршиносони бонк дар гузориш таъкид месозанд, ки «то замони тасҳеҳи комили қурби мубодилашаванда, устуворкунии он мушкил гардида, тағйирёбии беҳад зиёди нархҳо хатари асосӣ боқӣ мемонад ва захираҳо минбаъд низ коҳиш меёбанд».

«Барои таъмини кори муътадили бозори асъор ва дарёфти тавозуни баробари қурби мубодилашаванда, коршиносони бонк даст кашидан аз назорати маъмуриву таҷрибаи истифодаи қурбҳои сершумори мубодила ва маҳдуд кардани дахолат танҳо бо воситаҳои зарурӣ барои роҳ надодан ба калавиши беҳад зиёдро тавсия медиҳанд», - зикр мегардад дар гузориш.

Ҳамчунин дар гузориш таъкид мешавад, ки соли 2014 қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 11% ва давоми семоҳаи аввали соли равон боз ба андозаи 9% поин рафт. Зикр мегардад, ки барои устувор нигоҳ доштани вазъи бозори молиявӣ, Бонки миллӣ ҳамарӯза 1,5 - 3 млн. доллари ИМА-ро ба фурӯш мебарорад.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Бонки миллии Тоҷикистон  иттилоъ дод,  ки ҳаҷми захираҳои тиллову асъор давоми 4 моҳи соли равон ба миқдори зиёда аз 20 млн. доллари ИМА афзуда, ба ҳолати 30 апрели соли 2015 ҳаҷми захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон беш аз 3 млрд 151 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин ба 503,52 млн. долл. ИМА баробар аст. Аз он ҷумла, БМТ дар ҳаҷми 2 млрд. 183,72 млн. сомонӣ тиллои монетарӣ ва 967,32 млн. сомонӣ асъори хориҷиро дар ихтиёр доштааст.

Ба ҳар гунае набошад, «Абӯ Абдуллоҳи Рӯдакӣ»-и мо алҳол бар «Бенҷамин Франклин»-и амрикоӣ ғолиб омада истодааст. Марҳилаи минбаъда чӣ натиҷае ба бор меоварад?