Рӯбучини  хона ҳамеша вақту қувваи  зиёдеро талаб мекунад. Ҳар гоҳе, ки дар муддати хеле кӯтоҳ хонаро ба тартиб овардан лозим аст, ба ёрии шумо  беҳтарин чангкашакҳои беноқили хати нави  маҳсулоти LG CordZero кӯмак мерасонанд.

Омадани меҳмонон ғайричашмдошт бошад, чӣ тавр зуд метавон хонаро ба тартиб овард? Пеш аз ҳама майдачӯйдаи паҳну парешонро  ба қуттие ё кашаки ҷевон ҷамъ кардан даркор. Сипас чанги рӯи мизро пок кардан лозим. Давоми корро чангкашак иҷро мекунад! Он барои тез ба тартиб овардани хона ёрии амалӣ мерасонад ва тамоми чангу ғубори аёну нонамоёнро  ҷамъ мекунад. 


Аз рӯи фарши хона ҳар гуна мебелро боло бардоред. Бо ин минвол, дар вақти рӯбучин   тамоми кунҷакҳои хона низ бемалол тоза мешаваду вақт  ҳам сарфа.

Метавонед баҳузур   омодаи пухтупаз  гардед ва ба тозакунии  хона аз тарафи робот-чангкашаки LG Hom-Bot Square ( модель VR6270LVM ).аҳамият ҳам надиҳед. Сохти он хеле ихчам аст (баландиаш ҳамагӣ 90 мм!), бинобар ин  таги мебели   пастро низ тоза меунад. Чёткаи ба 1,5 см дарозкардашуда чангро аз кунҷу шикофиҳо кашида мегирад. Системаи  Dual Eye 2.0  утоқро муоина карда, ба ёрирасони шумо имконият фароҳам меоварад, ки хати роҳи хешро интихоб намояд ва роҳгум назанад. LG Hom-Bot Square  новобаста аз равшанию торикии хона ҳеҷ гоҳ роҳгум намезанад.


Агар шумо хоҳед, ки  ба мисли ҳарвақта хонаро худатон рӯбучин кунед, ба шумо чангкашакҳои  нави беноқили LG CordZero мувофиқ меоянд.

Дар хати чангкашакҳои нав, аз ҳама боиқтидораш чангкашаки LG CordZero Power ( модельVK89000HQ ) бо функсияи интихоби автоматии роҳи ҳаракат  мебошад. Технологияи RoboSense  роҳи ҳаракатро муайян менамояд ва чангкашак бо нигаҳдошти дистансияи 100 см,   аз рӯи  4 сенсори рӯи бадана ва дастаи он, мулоим ҳаракат менамояд. Давомнокии рӯбучинро  аккумулятори литий-ионии  PowerPack кафолат медиҳад. LG CordZero Power бо технологияи  LG Kompressor муҷаҳҳаз аст, ки чангу ғуборро 3 баробар фишурда, ба бастаҳои қулай  мангана менамояд.

Ҳамаи вазифаҳои модели навтаринро нигаҳ дошта, чангкашаки LG CordZero Power Compact ( модель VK79000HQ ) дар баробари ин  бо ҳаҷми хурди худ фарқ мекунад. Дар чангкашак дастгоҳи чангполои  HEPA ва  системаи  «Эллипс Циклон» насб шудааст, ки полоиши  ҷараёни ҳавои чанголуд ва иқтидори  доимии кашишро таъмин менамояд.


Чангкашаки CordZero 2 в 1 ( модель VSF7300SCWC ) рӯбучини  на фақат хона, балки гараж, амбор, автомобилро низ иҷро менамояд. Ин модели чангкашак тавассути аккумуляторҳои Dual PowerPack ва чуткаи  моторноки  Anti-Tangle Brush тозакунии давомнок ва  босамарро ба иҷро мерасонад. Вай то 70 дақиқа дар реҷаи стандартӣ  ва то 50 дақиқа  бо иқтидори максималӣ кор  мекунад. Вазни сабуки CordZero 2 дар  1 (2,8 кг) ва дастаки эргономиаш рафти рӯбучинро  беҳтар мекунад. Чӯткаи асосӣ бо кунгардиши  180 дараҷа  ва равшанкунаки LED барои гузаронидани рӯбучини  ҷойҳои душвору ноқулай ва зери мебелу кунҷакҳо имконияти хуб фароҳам меоварад.

Дар бораи ширкати LG Electronics

Ширкати LG Electronics Inc дар бозори ҷаҳонии электроникаи истеъмолӣ, алоқаи мобилӣ ва техникаи маишӣ   пешрав ва истеҳсолкунандаи  технологияҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.  Ширкат 87 000 корманд дорад, ки дар 113 коргоҳ дар тамоми олам фаъолият мебаранд. Ҳаҷми фурӯши сартосарӣ дар  2014 сол, 53 млрд.доллари амрикоиро (58,14 трлн. вони кореяги) ташкил дод. Ширкати LG аз чор  қисмати тиҷоратӣ  - Home Entertainment, Mobile Communications, Home Appliance &, Air Solution ва Vehicle Components иборат буда, яке аз барандагони  асосӣ оид ба истеҳсоли телевизорҳои ҳамворпанел, мошинҳои ҷомашӯӣ ва яхдонҳо мебошанд. Дар соли 2015 маҳсулоти LG Electronics сазовори  15 ҷоизаи International CES® Innovations Awards гардидааст.

Дар бораи LG Electronics Home Appliance & Air Solution

Ширкати LG Electronics Home  Appliance & Air Solution дар бозори техникаи маишӣ   пешрав ва пешбаранда ба ҳисоб рафта, маҳсулоти  шаклан зебо, аз нуқтаи назари экологӣ тоза ва  инноватсиониро пешкаш менамояд.

Дар байни номгӯи  маҳсулоти истеҳсолкунандаи LG  яхдонҳо, мошинаҳои ҷомашӯӣ ва зарфшӯӣ, техника барои  ошхона, чангкашакҳо   машҳуранд. Дастгоҳҳои маишии ширкати LG дар истифода хеле осонанд. Ширкат  пайваста  технологияи худро мукаммал мегардонад ва техникаи шевои маишии ба монанди аввалин  яхдони интрерактивӣ ва  ё мошинаи ҷомашӯии буғдорро пешкаши истеъмолкунандагон менамояд. Ба туфайли инноватсияҳо ширкати  LG дар сегменти техникаи маишии хонагӣ дастгоҳҳои  бисёрфунксионалии шево ва баландҷабҳаи технологӣ истеҳсол менамояд ва мавқеи худро дар  ин ҷода  дар олам боз ҳам мустаҳкамтар менамояд.