Нӯшокиҳои истеҳсолкардаи ҶСП «Оби Зулол» ба бозори Кувайт ворид карда мешаванд. Рӯзи 10 июн дар бораи таҳвили нӯшокиҳо ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд.
Раиси Шӯрои мудирони ҶСП «Оби Зулол» Рустам Болтаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз моҳи июл 10 контейнер нӯшокӣ ва об ҳар моҳ ба Кувайт содирот мешаванд, ки ҳудуди 20 тоннаро ташкил медиҳанд.
«Аз лиҳози хусусиятҳои физикӣ ва кимиёвӣ маҳсулоти мо бешубҳа дар ин бозор ҷойи худро меёбад. Ин бозор ҳамчунин бо дигар маҳсулоти хушсифат таъмин аст. Гап сари он аст, ки то куҷо мо ин иқдомро аз нигоҳи бозорёбӣ (маркетинг) дастгирӣ карда метавонем, чунки сари ин масъала мо бо ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ имкони рақобат надорем», - қайд кард Болтаев.
Ба қавли номбурда, алҳол мақсад аз қарордоди мазкур ба даст овардани фоида набуда, асосаш он аст, ки маҳсулот дар бозори Кувайт ҷойи худро пайдо намояд.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон ҶСП «Оби Зулол» ҳамроҳ бо «Тоҷпромбонк» ба сохтмони як корхона дар шаҳри Душанбе идома медиҳад ва эҳтимол аллакай моҳи оянда корҳои озмоишӣ дар он ба итмом расанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон маҳсулоти ҶСП «Оби Зулол» ба Қазхоқистон содирот мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста