Муовини директори генералии Ширкати миллии тақсимоти маҳсулоти нафтии Эрон Мансур Риёҳӣ изҳор доштааст, ки соли равон сӯзишвории дизелӣ (солярка)-и Эрон ба бозорҳои нав, аз ҷумла ба давлатҳои Арманистону Тоҷикистон интиқол дода мешавад . Дар ин бора хабаргузории Иран.ру иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи Мансур Риёҳӣ, дар робита ба афзоиши ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ, истеъмоли сӯзишвории моеъ дар нерӯгоҳҳои барқӣ ва корхонаҳои саноатии дохили Эрон кам ва миқдори зиёди ин навъи сӯзишворӣ захира шудааст. «Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки он ба кишварҳои ҳамсоя содирот мешавад», - иброз доштааст ӯ.
Номбурда зикр кардааст, ки айни замон сӯзишвории дизелӣ аз Эрон ба Афғонистон, Ироқ ва Нахичевон содирот шуда, соли равон интиқоли он ба бозорҳои нав, аз ҷумла Тоҷикистону Арманистон оғоз гардида, ҳамчунин масъалаи содироти маҳсулоти нафтӣ (сӯзишвории дизелӣ ва керосин) ба Курдистони Ироқ низ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Гуфта мешавад, Ширкати миллии тақсимоти маҳсулоти нафтии Эрон ният дорад, ки тариқи бозорҳои тиҷорати наздимарзӣ бозори фурӯши маводи сӯхташро густариш бахшад, то ки аз аз роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар баровардани он пешгирӣ кунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста