Дар Тоҷикистон аз 1 июл барои истифода аз рақам дар ҳаҷми 80 дирам пардохти моҳона ҷорӣ шуд.
Ширкатҳои мобилӣ дар сомонаҳои расмии худ дар ин бора хабар додаанд, ки дар асоси Фармоиши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1-649 аз 09.06.2015с. ва Нархномаи ҳаққи пардохти захираҳои рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Хадамоти алоқаи тасдиқ карда шуда, бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст, аз санаи 01.07.2015с. пардохти муштарӣ барои истифодаи ҳар як рақам ба андозаи 80 дирам муқаррар карда мешавад.
«Хоҳишмандем ба инобат гиред, ки пардохти муштарипулии моҳона алоҳида барои ҳар як рақаме, ки Шумо аз он истифода мебаред, ситонида мешавад», - омадааст дар маълумоти ширкатҳои мазкур.
Тибқи маълумоти ахир, дар Тоҷикистон бо аҳолии беш аз 8 млн. нафар айни замон 11, 2 млн. муштариёни ширкатҳои алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумор сим-кортҳои ҳудуди 6,5 млн. нафарашон фаъол будаанд.
Дар ҳамин ҳол, бо фармоиши Хадамоти алоқа, аз 1 июли соли 2015 дар тамоми нақшаҳои тарифӣ, аз ҷумла телефонҳои статсионарӣ (хонагӣ) ва рақамҳои NGN бо назардошти андозҳо барои ҳар як рақам 50 дирам пардохти моҳона муқаррар шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста