Имрӯзҳо вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо чораҳои алоҳида мебинанд. Тавре маълум аэродром (қисми дохили фурудгоҳ ки ба ҳавопаймоҳо хизмат расонида мешавад) майдони васеи бе дарахт аст, дар чунин рӯзҳои гармои тобистон аз дигар мавзеъҳо дида гармтар мешавад.
Ба он нигоҳ накарда, ки рӯзона ҳарорати ҳаво баланд мешавад, фурудгоҳи Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои ба мавсими баҳору тобистон пешбинишуда ба ҳавопаймоҳо хизматрасониҳои рӯизаминӣ ва муҳандисиву техникӣ мерасонад.
Мувофиқи технологияи хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо дар сурати аз меъёр зиёд шудани ҳарорат чораҳои алоҳида дида мешавад, аз ҷумла бо назардошти баландшавии ҳарорати ҳаво вазни ҳавопаймоҳои боркаш кам карда шуда, қабул ва гусели ҳавопаймоҳои гаронвазн дар соатҳое, ки ҳарорат мӯътадил мешавад ё шабона сурат мегирад.
Аз хадамоти муҳандисӣ-техникии фурудгоҳ маълумот доданд, ки алъон дар нақшаи парвозҳои фурудгоҳи Душанбе вобаста ба баланшавии ҳарорати ҳаво дигаргуние ҷорӣ нашудааст, парвозҳои ҳавопаймоҳои мусофирбар ва боркашон мувофиқи ҷадвал сурат мегиранд. Дар сурати аз меъёр зиёд шудани ҳарорати ҳаво мутобиқи технологияи ҷорӣ чораҳои зарурӣ дида мешаванд.
Вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво аз ҷониби хадамоти ҷустуҷуӣ-садамавию наҷотдиҳии таъминоти парвозҳои фурудгоҳ варақаи таблиғотии махсус иншо шуда, ки мавриди истифодаи ҳамаи сохторҳои фурудгоҳ қарор дода шудааст. Бо назардошти пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои садамавии вобаста ба гармо дар ҷойҳои алоҳидаи фурудгоҳ мошинҳои сухторнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд, ҳамзамон фурудгоҳ бо Сарраёсати сӯхторнишонии ВКД ва «Маркази наҷот»-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ алоқаи доимӣ барқарор намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста