Дар мулоқоте, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода 1 июли соли равон бо ноиби Президенти шуъбаи Синзянии Бонки давлатии рушди Хитой ҷаноби Лю Тао ва коршиносон оид ба таҳлили барномаҳои ҳамкории ин бонк анҷом дод, масъалаҳои вусъат додани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, Дар оғози суҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба меҳмонон изҳор дошт, ки вазъи макроиқтисодии мамлакат дар панҷ моҳи соли равон муътадил буда, бинобар зиёд шудани ҳаҷми амонатҳои аҳолӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, афзоиш ёфтани пешниҳоди қарз ба субъектҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва ба андозаи 7 фоиз зиёд шудани даромад ба ҳар сари аҳолӣ, эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар қавитар гашта истодааст.
Мо ба ҳамкорони хитоии худ, ки пешниҳодоти моро ҳамеша дастгирӣ мекунанд, изҳори миннатдорӣ менамоем ва боварӣ дорем, ки ҳамкориҳои судманд минбаъд низ густариш ёфта ба сатҳи нави баландтар мебароянд. Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар омодагии худро барои сари иҷро намудани уҳдадориҳои дар наздаш буда, изҳор медорад, гуфт Ҷ. Нурмаҳмадзода. Дар робита ба ин, барои дастгирии тавозуни пардохт, қурби пули миллӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои куҳӣ ва соҳибкории хурду миёна иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар айни замон ба ҷалби тақрибан 500 млн. долл. ИМА қарзи дарозмуддати имтиёзнок ниёз дорад. Гуруҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон, ки маҳз бо мақсади пеш бурдани машваратҳо оиди ин масъала ташкил шуда буд, омодааст бо ҳамкасбони хитоии худ корро оғоз намояд.
Ноиби Президенти шуъбаи Синзянии Бонки давлатии рушди Хитой ҷаноби Лю Тао бо хушнудӣ изҳор кард, ки мақсади ташрифи онҳо ба Тоҷикистон ҳам муҳокимаи паҳлуҳои масъала оид ба ҷудо намудани қарз мебошад. Мо фикр мекунем, ки баъди муҳокима ва таҳлили тамоми паҳлуҳои ҳамкориҳои минбаъда имконияти воқейи бастани шартнома оид ба ҷудо намудани қарз ба маблағи 500 млн. долл. ИМА вуҷуд дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста