Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба фурӯши автомашинаҳои махсус ва сабукрави худ идома медиҳад.
Бино ба иттиллои хадамоти матбуоти БМТ, автомашинаҳои махсус ва сабукрав бо нархҳои дастрас аз тариқи музояда ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ фурӯхта мешаванд.
Гуфта мешавад, дар музоядаи хариди автомашинаҳои махсус танҳо ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ва дар музоядаи хариди автомашинаҳои сабукрав ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.
Ёдрас мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи июни соли равон ба фурӯши автомашинаҳои махсуси худ оғоз кард.
Қаблан БМТ дар бораи ихтисори 200 нафар кормандонаш бо мақсади ба танзим овардани сохтор ва шумораи воҳидҳои хизматчиёни бонк хабар дода буд.
Тағйирот дар фаъолияти БМТ баъди сари мансаб омадани раҳбарияти нави бонк шурӯъ шуд. Он замон раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов ва ҳамаи муовинони ӯ аз мансаб сабукдӯш гардида, собиқ раиси «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси БМТ, собиқи муовини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиевмуовини аввали раиси БМТ таъин карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Ozod9 июл, 2015 09:29
Ин автомашинахои гаронбахо ба ки даркор. Инчунин онхо бе ичозати сохибмулк - Кумитаи амвол фурухта шуда,боз рузе ягон зури дигар омада, ин харидуфурушро бекор мекунад. Наход ягон хукушиноси бо дилу чигар набошад, ки тартиби фуруши моликияти давлатиро ба онхо (рохбарони навбаромад) фахмонанд.