Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутмаин аст, ки пешрафту тараққиёти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ба бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ ва дар навбати аввал нерӯгоҳи Роғун вобаста аст.
«Маҳз бо дарназардошти ҳамин воқеият мо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон эълон намудем», - гуфт сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун.
Президенти мамлакат таъкид дошт, ки имрӯзҳо дар доираи дастгириҳои доимии давлату ҳукумати мамлакат ва азму талоши мутахассисони ватанӣ бунёди бузургтарин иншооти шаҳр - нерӯгоҳи барқи обии Роғун босуръат идома дорад.
«Аксари сокинони мамлакат хуб дар хотир доранд, ки ман ҳанӯз рӯзҳои аввали роҳбариам бо вуҷуди вазъи ноороми кишвар ва идома доштани мухолифатҳои мусаллаҳона таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат эълон карда будам, - гуфт президент. - Албатта, дар он солҳои ноорому вазнин захираҳои молиявӣ ва имкониятҳои моддиву техникии ба анҷом расонидани вазифаҳои дар самти бунёди иншооти энергетикӣ муайяншуда вуҷуд надоштанд, вале бо вуҷуди ин, аз ҷониби мутахассисон нақшаи татбиқи онҳо барои ояндаи наздик омода карда мешуданд».
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки «иқдоми мазкур тадриҷан эътимоди мардуми кишварро ба ояндаи соҳаи энергетикаи мамлакат ва рушди устувору бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар тақвият бахшид».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста