Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ҶДММ «Созидание» - молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо қонеъ накард.
Раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Наим Мансурзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки акнун ширкат уҳдадор аст, ки қарзҳо аз андоз, ҷарима ва фоизҳо дар ҳаҷми беш аз 322 млн. сомонӣ (ҳудуди 60 млн. $)-ро пардохт намояд.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҶДММ «Созидание» тамоми паҳлӯҳои ин масъаларо бо Кумитаи андоз мувофиқа мекунад. «Шикоят ба суди байнулмилалӣ ҳуқуқи конститутсионии ҳама шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ аст, вале то он дам гузаштнаи тамоми марҳилаҳои суди дохилӣ зарур мебошад», - афзуд номбурда.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ахири моҳи январ аз ҷониби раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд, КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) қарзҳои ҶДММ«Созидание» аз андоз, ҷарима ва фоизҳо дар ҳаҷми беш аз 322 млн. сомонӣ (ҳудуди 60 млн. $)-ро бояд пардохт намояд.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ширкати алюминии «Русал»-и Русия оид ба даст кашидан аз даъвоҳои мутақобила тавофуқ ҳосил карданд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки соли 2013 Кумитаи андоз маблағи зиёди қарз аз андози ҶДММ «Созидание» - молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо ошкор намуд.
Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ҶДММ «Созидание» аз болои қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи маҷбуран рӯёнидани қарзҳо аз андоз дар ҳаҷми 67 млн. $-ро қонеъ накард.
“Агар аз ту ёд ояд...” Таҷлили 75-солагии Муқаддас Набиева дар Душанбе
Бинои маъмурии боғи марказии ноҳияи Муъминободро оташ задаанд. Гумонбар дар кофтуков аст
Моликони фурӯшгоҳи "Ашан" овозаҳои аз Тоҷикистон рафтанашонро рад карданд
Ҷудокорони тоҷик аз “Тоскулоҳи бузург”-и Боку бо ду медал ба Тоҷикистон бармегарданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се мусофир ва ҳалвои ширин”
Соли гузашта додгоҳҳои Русия қариб 90 ҳазор хориҷиро маҷбуран ихроҷ кардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2025
“Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2025
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста