Дар доираи қарори ҳукумат Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» 60% тахфиф ба ҳамаи хизматгузориҳояшро пешниҳод намуд.
Муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» Икромҷон Мавлонов зимни нишасти хабарии имрӯза дар робита ба ин масъала гуфт, ин ташаббус дар доираи муттаҳидшавии «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва табдили он ба ШСХК «Ширкати авиатсионии Тоҷикистон» сурат гирифтаааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов, мувофиқи қарори ҳукумат, ФБД қарзҳои «Тоҷик Эйр» дар ҳаҷми 28 млн. сомониро бахшида, айни замон ширкати ҳавопаймоӣ назди фурудгоҳ 65 млн. сомонӣ қарздор аст. «Сарфи назар аз муттаҳидшавии сохторҳо, суратҳисобҳои онҳо гуногун боқӣ мемонанд», - таъкид дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, маблағгузории фурудгоҳ аз ҷониби «Тоҷик Эйр» беҳтар шудааст. «Масалан, агар солҳои пешин ҳаҷми яксолаи пардохтпулиҳо 3 млн. сомониро ташкил медод, пас айни замон ин нишондиҳанда 12 млн. сомониро ташкил медиҳад», - афзуд Иброҳимов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста