- Мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва раҳбарияти ширкати «Созидание» оид ба пардохти қарзи ширкат аз андоз ба як созиши муайян даст ёфтанд, - иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода.
Ӯ қайд кард, ки маблағи умумии қарзи ҶДММ «Созидание» - молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанбе беш аз 320 млн. сомониро ташкил медиҳад.
«Оид ба масъалаи ҷуброни ин маблағ кор ҷараён дорад ва фикр мекунам, ки то ахири сол масъала ба нафъи буҷети давлатӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд», - гуфт Давлатзода.
Раиси Кумита зикр кард, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ҷонибҳо ҷиҳати тариқи ҳисоббаробаркунии мутақобила ҳал кардани ин масъала тавофуқ ҳосил кардаанд.
Чанде қабл раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Наим Мансурзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд , ки шикояти кассатсионии ҶДММ «Созидание» қонеъ нагардида, акнун ширкат уҳдадор аст, ки қарзҳо аз андоз, ҷарима ва фоизҳо дар ҳаҷми беш аз 322 млн. сомонӣ (ҳудуди 60 млн. $)-ро пардохт намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста