Аз 27 то 29 июли соли 2015 дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и вилояти Суғд доир ба мавзӯи “Дар амал ҷорӣ намудани стандарти Савдои Одилона дар Осиёи Марказӣ” вохӯрӣ баргузор мегардад.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии австриягии Hilfswerk Austria International дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ таввасути пешбарии ташкилотҳои содиротии миёнрав (ТСМ) ва инчунин корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи “Осиёи Марказӣ – Инвест III” маблағгузорӣ шудааст, барпо карда мешавад.
Дар ташаббуси ташкил намудани ин вохӯрӣ Лоиҳаи Минтақавии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) “Аврупои Фарох: Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ”, инчунин Барномаи Минтақавии GIZ “Мусоидат ба ҳамкории иқтисодии минтақави дар Осиёи Марказӣ” саҳм гузоштанд.
Мақсади чорабинӣ ба роҳ мондани ҳамкории маҳаллӣ ва минтақавӣ, гузориш ва фарох намудани фаъолият барои дар амал ҷорӣ намудани принсипҳои стандартии Савдои Одилона дар минтақаҳо ва мубодилаи таҷрибаҳои корӣ байни тарафҳои ҳавасманд аст.
Дар конференсия кооперативҳои фермерӣ, муассисаҳои коркарди озуқавории КХМ, содироткунандагон, намояндаҳои тиҷоратии – ташкилотҳои миёнарав ва якчанд лоиҳаҳои гуногуни оид ба рушди тиҷорат аз минтақаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки зиёда аз 45 нафар ташкил медиҳанд, иштирок мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста