Нимсолаи аввали соли ҷорӣ қурби арзи миллии Тоҷикистон (сомонӣ) нисбати доллари ИМА дар бозор ба миқдори 19,1% коҳиш ёфт.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), аз 5,4600 сомонӣ (барои 1 доллари ИМА) дар аввали соли 2015 нимсолаи аввали соли 2015 қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА то ба 6,5300 сомонӣ поин рафта, қурби расмии сомонӣ нисбаи доллари ИМА дар ин давра 18% - аз 5,3074 то ба 6,2602 коҳиш ёфт.
Чунин поинравии босуръати қурби арзи миллиро дар Бонки миллӣ пеш аз ҳама ба «афзоиши фишори берунаи қурбӣ, ки аз нимаи дуюми соли 2014 ба мушоҳида мерасид», марбут медонанд.
Ба гуфтаи раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, ба босуръат поинравии қурби арзи миллӣ ҳамчунин «баъзе бозигарон» низ мусоидат намуданд, ки ин тамоилро ба нафъи худ истифода карданӣ буданд.
«Вақте ҳайати нави раҳбарият ба Бонки миллӣ омад, нафарони машғул ба муомилоти ғайриқонунии асъор ҳар гуна овозаҳоро паҳн мекарданд. Онҳо аз вазъи номуайяни мавҷудаи он замон дар бозори асъор истифода карданӣ буданд, вале ба мақсад нарасиданд», - гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 21 июл раиси БМТ.
Нурмаҳмадзода қайд кард, ки барои устувор гардонидани қурби сомонӣ аз ҷониби Бонки миллӣ ҳеҷ гуна дахолате (интервенсия) ба бозор сурат нагирифтааст. «Мо захираҳои асъори худро нигоҳ дошта тавонистем», - гуфт ӯ ва қайд кард, ки «барои таҳкими устувори қурби пули миллӣ ҳайати нави раҳбарияти Бонки миллӣ сиёсати дурустро роҳандозӣ кард».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста