Ба нимсолаи аввали соли равон қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 тақрибан 757 млн. сомонӣ (беш аз 120 млн. $ тибқи қурби ҳозира)-ро ташкил медиҳад.
Муовини раиси ширкат Даврон Исҳоқӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2015 қарзи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 497 млн. сомонӣ ва назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» тақрибан 260 млн. сомонӣ қарздор аст.
Ӯ қайд кард, ки тӯли 6 моҳи соли равон ширкати «Барқи Тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 87,5 млн. сомонӣ ва ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 41,6 млн. сомонӣ маблағи қарзҳоро пардохт намудааст.
Дар ҳамин ҳол, нисбат ба аввали сол қарзи умумии ширкат назди ин ду нерӯгоҳ 127 млн. сомонӣ афзудааст, аз ҷумла ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба миқдори 57 млн. сомонӣ ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар ҳаҷми 70 млн. сомонӣ.
Қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» ба аввали нимсолаи дуюми соли равон беш аз 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Ба ҷуз нерӯгоҳҳои Сангтӯда, ширкат аз пардохти андоз (152 млн. сомонӣ) ҳам қарздор аст.
Қобили зикр аст, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ қарзи корхонаву ташкилот ва аҳолӣ аз ширкати «Барқи тоҷик» низ ба зиёда аз 1,1 млрд. сомонӣ расидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста