Мавсими тобистони имсол ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми то 500 млн. кВт нерӯи барқ ба Қирғизистон интиқол доданист.

Муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик»  Даврон Исҳоқӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки созишнома дар бораи содироти нерӯи барқ ба кишвари ҳамсоя аввали моҳи июли соли ҷорӣ ба имзо расид.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи созишномаи баимзорасида миёни ширкатҳои энергетикии ҳарду кишвар, мавсими тобистон интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми 500 млн. кВт/соат бо нархи 2,5 сент барои 1 киловатт пешбинӣ шудааст.

Аввали ҳамин моҳ Вазорати энергетикаи Қирғизистон низ дар бораи имзои созишнома оид ба харидории барқ аз Тоҷикистон хабар дода буд.

Қаблан муовини вазири энергетика ва саноати Қирғизистон Айбек Калиев иттилоъ дода буд , ки кишвари ҳамсояи Қирғизистон нерӯи барқи Тоҷикистонро бо нархи 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад.

Ахири моҳи апрели соли равон аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс»  дар ин робита иттилоъ дода буданд , ки Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморидаанд ва изҳор доштаанд, ки дар ин давра барқро аз Тоҷикистон бо нархи ҳамагӣ 2 сент (1 кВт/соат) хариданианд.