Парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе - Тошканд танҳо баъди таҳияи заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдор дубора роҳандозӣ шуда метавонад.
Сардори Раёсати робитаҳои байнулмилалии Вазорати нақлиёти ҶТ Фарида Ёқубзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ин масъала моҳи июни соли равон дар Тошканд зимни ҷаласаи ахири Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон матраҳ гардидааст.
Ф.Ёқубзода таъкид дошт, ки масъалаи дубора барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанбе бо ташабусси Ӯзбекистон баррасӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои таҳияи заминаи меъёрӣ идома дошта, баъди он бояд созишномаи дахлдор дар бахши авиатсия ба имзо расад. «Танҳо баъди ин дар бораи дубора роҳандозӣ намудани хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанбе метавон ҳарф зад», - афзуд Ёқубзода.
Аввали ҳамин сол васоити ахбори умуми Ӯзбекистон иттилоъ дода буданд, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» («Uzbekistan Airways») аз 29-уми март ба роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе оғоз мекунад.
Дар нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2014 Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маълумот дар бораи имкони барқарор шудани хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошкандро тасдиқ накарда буд.
Директори Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Рустам Холиқов низ ба журналистон изҳор намуда буд, ки дар робита ба дубора аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд - Душанбе, ФБД ва ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» огоҳиномаи расмӣ нагирифтаанд.
Рӯзи 12-уми январи соли равон «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе, баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста