Баррасии ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз мавзӯъҳои асосии вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо акнун собиқ мушовири Канселярия оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодии Сафорати ҶХХ дар Душанбе ҷаноби Ли Юе ва Мушовири навтаъиншудаи Канселярия ҷаноби Сун Ян маҳсуб меёфт, ки рӯзи 4 августи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, ҳангоми мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо атрофи рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва татбиқ намудани барномаҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта мешавад, дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста