Дар зарфи 7 моҳи соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 6,3 млрд. сомонӣ (беш аз 1 млрд. доллари ИМА тибқи қурби ҳозира) маҳсулот истеҳсол карда шуд.
Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 13,4% зиёдтар аст.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Агентии омор «ба зиёдшавии назарраси истеҳсолот дар бахшҳои саноати дӯзандагиу бофандагӣ, истеҳсоли пӯст ва маснӯот аз он, истеҳсоли пойафзол, коркарди чӯб ва маснӯот аз чӯб, фаъолияти ноширӣ, саноати кимиё, маҳсулоти ғайриметаллии минералӣ, афзоиши истеҳсолот дар бахши металлургия ва маснӯоти тайёр аз металл, тавлиди нерӯи барқ ва ғайра нисбат медиҳанд».
Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим давоми моҳҳои январ-июли соли 2015 дар 47 номгӯи он (52,2%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 30 номгӯй (33,3%) истеҳсоли он коҳиш ёфта, 13 номгӯи (14,4%) маҳсулот истеҳсол нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми саноати истихроҷ аз ҳисоби истеҳсоли ангиштсанг – 18,3%, ангишти тира – 5,5%, нафт – 2,8%, газ – 1,6 баробар, маводи ғайримаъданӣ – 28,1% афзудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ аз ҳисоби коҳиши истеҳсоли бензин (23%), сӯзишвории дизелӣ (41%), мазут (43%) ва битум (42,2) кам шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста