Хабаргузории амрикоии Bloomberg менависад, ки аз мушкилот бо поинравии қурби рубли русӣ ва юани чинӣ, аз ҳама бештар собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Осиё осеб дида метавонанд.
«Дар ҳоле ки соли гузашта Озарбойҷон ва Гурҷистон қурбҳои мубодиваии худро танзим карданд, кишварҳои дигар, аз ҷумла Арманистон, Тоҷикистон, Молдова, Муғулистон ва Нигерия дар гурӯҳи хавф боқӣ мемонанд», - чунин мешуморанд коршиносони нашрия.
Гуфта мешавад, Қазоқистон ба беқурбшавии танга имкон дода, Ветнам бошад, имсол аллакай маротибаи сеюм аст, ки пас аз беқурбшавии юан ба коҳиши арзиши донг роҳ медиҳад.
Коршинос Илан Солот бар ин назар аст, ки тақсимот бахусус нисбати кишварҳое меафзояд, ки содиркунадаи ашёи хоманд ва бо Русия робитаҳои тиҷоратӣ доранд.
Мебояд гуфт, бар асари беқурбшавии беҳад зиёди рубли русӣ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ қурби арзи миллии Тоҷикистон (сомонӣ) нисбати доллари ИМА дар бозор тақрибан 20 коҳиш ёфт.
Ахири моҳи июл мавҷи навбатии беқурбшавии сомонӣ нисбати доллари ИМА шурӯъ шуд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон дар навбати аввал яке аз омилҳои асосии болоравии қурби долл. ИМА–и нақдро ба якбора паст шудани қурби рубли русӣ нисбати долл. ИМА нисбат доданд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони байнулмилалӣ бар ин назаранд , ки мисоли поинравии бесобиқаи қурби арзи миллии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки иқтисоди хурди кушода ба дар як сатҳ сабт кардани асъори худ қодир нест.
Муаллифони гузориши навбатии интишоршудаи Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) «Гузориши иқтисодии Тоҷикистон» чунин мешуморанд, ки «сомонӣ нисбати доллар беқурб нашудааст, балки доллари ИМА нисбати сомонӣ ва дигар асъор дар ҷаҳон гарон шуд». Онҳо зикр мекунанд, ки ба туфайли афзоиши нисбатан пурзӯри иқтисоди ИМА, коҳиши барномаи «сабуксозии шуморӣ» ва баргузории муборизахои асъорӣ, арзи миллии амрикоӣ тайи солҳои ахир хеле мустаҳкам шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста