Ҳамасола охири моҳи август дар саросари Тоҷикистон иди “Асал ва харбуза” бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, имсол ин ид дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 август ҷашн гирифта мешавад.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии мазкур гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовинони вазир ва сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста карда шуданд.
Ҷашни “Асал ва харбуза 2015” имсол дар “Маҷмааи савдои Пойтахт-90, КВД “Бозори Шоҳмансур”, КВД “Бозори Саховат”, майдони назди “Карияи Боло” ва КВД “Бозори Деҳқон” баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои асал ва харбуза пешкаши харидорон карда мешавад.
Тибқи нақшаи таҳиянамудаи Вазорати кишоварзӣ дар Маҷмааи “Пойтахт-90” кишоварзони вилояти Суғд, дар КВД “Бозори Шоҳмансур” кишоварзони вилояти Хатлон, дар КВД “Бозори Саховат” кишоварзони минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, дар майдони назди бозори “Қарияи Боло” кишоварзони ноҳияҳои тобеи марказ шаҳру ноҳияҳои Файзабод, Роғун, Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара ва Ҷиргатол” ва дар КВД “Бозори Деҳқон” кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода ҷой дода мешаванд.
Боиси зикр аст, ки беҳтаринҳо бо тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Инчунин, муассисаҳои фарҳангии шаҳри Душанбе баҳри болидахотирии харидорону тамошобинон барномаҳои рангину хотирмони консертӣ омода намудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста